Нашрияи Омӯзгор

Пушту рӯйи сухан бояд донист

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Донистани қоидаҳои наҳв ва ба мавқеъ гузоштани аломатҳои китобатӣ яке аз фазилатҳои шахси босавод ба шумор меравад. Азбар кардани аломатҳои китобат маҳз дар робита бо таълими мавзӯъҳои синтаксис натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Аз ин рӯ, ҳангоми таълими қоидаҳои синтаксис ба мавридҳои корбасти аломатҳои китобат, нақшу вазифаи онҳо эътибор додан самараи хуб медиҳад.

Донистану дарк кардани қоидаҳои синтаксис ба ҳар як одами бомаълумот, сарфи назар аз касбу кораш зарур аст, зеро  бе донистани онҳо  дуруст сохтани воҳидҳои синтаксисӣ  мумкин нест. Қонуну қоидаҳои синтаксис имконият медиҳад, ки бо кадом тарзу воситаҳо алоқаманд гардидани калимаҳоро дар ибораю ҷумла донем, аз чӣ ва чӣ тавр сохтани воҳидҳои синтаксисиро фаҳмем. Воҳидҳои синтаксисӣ: ибора, ҷумла ва матн, ки дар ҷараёни нутқ сохта мешаванд, барои мубодилаи ҳаррӯзаи мо ёрӣ мерасонанд. Азбар намудани аломатҳои муҳимми созмонӣ ва маъноии воҳидҳои синтаксисӣ на танҳо барои донистани аломатҳои китобат мадад мерасонад, инчунин, фаҳмидани умуман мазмуни гуфтору нутқи хаттиро осон мегардонад. Ғайр аз ин, дуруст азбар кардани тарзҳои ифодаи фикр барои аз худ намудани ҳама гуна ахбор ва баёни саҳеҳи матлаб аҳамияти калон дорад. Дар ташаккули воҳиди асосии синтаксис - ҷумла, ки воситаи муҳими ахбор ва мубодилаи муҳими байни аҳли ҷомеа аст, воҳидҳои дигари забон - калима,  таркиб, ибора нақши калон мебозанд.

Синтаксис чунин пойдеворест, ки дар асоси он тафаккури хонандагон ташаккул меёбад, нутқи онҳо шакл гирифта, алоқамандона бо ин дониши пунктуатсиониашон мустаҳкам мегардад. Бинобар он, аз худ кардани қоидаҳои синтаксис, воҳидҳои он аҳамияти калони амалӣ доранд. Воҳидҳои синтаксисро дар ҳаёти ҳаррӯза одамон барои мубодилаи афкор истифода мебаранд, аз ин рӯ равонию суфтагии баёни шахс, шукӯҳмандии гуфтори ӯ аз бисёр ҷиҳат ба риояи қонунҳои наҳв, истифодаи дурусти аломатҳои китобат вобаста мебошад. Аломатҳои китобатро қисмати илми забоншиносӣ - пунктуатсия меомӯзад, ки он аз калимаи лотинии “Рunctum» гирифта шуда, маънои нуқтаро дорад. Яъне, пунктуатсия маҷмӯи қоидаҳои аломатҳои китобатиро меомӯзад. Ин қоидаҳо аломатҳои гуногуни китобатро  дар ҷумла, ки воҳиди асосии синтаксис мебошад, дарбар мегирад.  Аломатҳои китобатӣ воситаҳое мебошанд, ки барои дар хат равшану возеҳ баён намудани мақсаду маром ва ҳиссиётҳои гуногун ба нависанда ёрӣ расонида, ҳамчунон ба хонанда имконият медиҳад, ки фикри баёнгардидаро дурусту бехато фаҳманд. Хондан ва фаҳмидани  матни дурусту  бехато иншогардида нисбат ба матне, ки аломатҳои китобатиаш нодуруст гузошта шудааст, ё умуман гузошта нашудааст, осонтар аст. Агар хонандагон ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои синтаксис ба қоидаҳои пунктуатсионӣ аҳамияти лозимӣ диҳанд, нақшу мавқеи аломатҳои китобатиро дуруст фаҳманд, он гоҳ дар нутқи хаттиашон: навиштани иншо, нақли хаттӣ, ҳуҷҷатҳои коргузорӣ аз онҳо дурусту бамавқеъ истифода мебаранд. Махсусан, дониши пунктуатсионии хонандагон ҳангоми таҳлили ҷумла: муайян намудани навъи ҷумла, таркиби он, ҳудуди байни ҷинсҳои таркиби ҷумла, сараъзою аъзоҳои пайрав, тарзу воситаҳои алоқаи ҷузъҳои ҷумла бой мегардад. Мутаассифона, имрӯзҳо бисёрии хонандагону донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ, алалхусус, синтаксису пунктуатсия дониши казоӣ надоранд. Онҳо ҳангоми баёни фикр, чӣ дар нутқи хаттӣ ва  чӣ шифоҳӣ қоидаҳои синтаксис ва аломатҳои китобатиро намедонанд, бинобар ин, ҳангоми навиштани диктант, нақли хаттӣ ва иншо мавқеъҳои гузоштани аломатҳои китобатиро риоя намекунанд, дар тартиб додани ҷумлаҳои соддаю мураккаб, чидааъзо душворӣ кашида, ҷои аъзоҳои ҷумла, мувофиқати мубтадою хабарро риоя намекунанд. Ғайр аз ин, ба моҳияти аъзоҳои эзоҳии ҷумла , калимаю ибораҳои туфайлию хулосакунанда сарфаҳм намераванд. Маҳз надонистани  чунин ҳодисаҳои наҳвӣ сабаби ба ғалатҳои зиёди пунктуатсионӣ ва услубӣ роҳ додани хонандагон ва донишҷӯён мегардад.

 

Каромат Ҷӯраева,

омӯзгори коллеҷи тиббии

ноҳияи Б. ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш