Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо вазъи таълиму тарбия ва корҳои созандагӣ дар соҳаи маориф шинос гардида, эҳсос намудем, ки дар ин самт корҳои зиёди судманде ба анҷом расонида мешаванд.
Чунонки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳакимзода Хайрулло Абдуғанӣ зимни суҳбат иброз дошт, бо мақсади пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти шуъба нақша – чорабиниҳоро таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои нуктаҳои асосии он камари ҳиммат бастаанд. Ба ин хотир, феълан дар назди муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевар сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби буҷаи ҳукумати ноҳия ва дастгирии мардуми деҳа, бунёди муассисаи томактабии хусусӣ аз тарафи соҳибкор Маҳмадсаид Саидов барои 150 нафар тарбиятгиранда дар маркази ноҳия, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Узун аз ҳисоби маблағҳои Бонки Саудии Рушд, бунёди 6 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон аз ҷониби соҳибкор Хайрулло Раҳимов дар назди мактаби рақами 64, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №22 ва сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар Ҷамоати деҳоти Узун аз тарафи раиси хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев Холмурод Асадуллозода идома дорад. Ба таъкиди мудир, сохтмони бахши бештари ин иншоот дар арафаи анҷомёбист. Дар қаламрави ноҳия, дар радифи 70 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин, 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекунад, ки дар онҳо 1237 тарбиятгиранда дар 66 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба иттилои Ҳакимзода Хайрулло Абдулғанӣ, соли равон аз ҳисоби буҷаи ҳукумати ноҳия ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ бинои муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №1 аз таъмири хушсифат бароварда шуда, инчунин, бо маблағи 5400 сомонӣ барои 50 нафар кӯдак мизу курсӣ харидорӣ карда шудааст.
- Яке аз мушкилоти асосӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, - мегӯяд мудири шуъбаи маориф, - ҷалби теъдоди ками кӯдакон маҳсуб ёфта, бо ин мақсад дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия марказҳои рушди кӯдак ташкил шудааст. Дар назди 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 64 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 1009 нафар ба таълиму тарбия ҷалб гардидаанд. Мутаассифона, пояи моддию техникии марказҳои номбурда заиф буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошанд. Ба тасдиқи мудир, таҳкими пояи кадрӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, сол ба сол норасоии омӯзгорони варзида дар таълимгоҳҳои ноҳия камтар гардида истодааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбӣ дар ин давра 214 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 20 нафар директор, 15 нафар муовинони директор оид ба тарбияи муассисаҳои таълимии ноҳия аз курсҳои такмили ихтисос гузаронда шуданд. Дар мавриди татбиқ ва амалӣ намудани усули муносибати босалоҳият ба таълим соли ҷорӣ 661 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва 151 нафар омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технология ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Дар шуъбаи маориф ба масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад.
Соли равон бо таъкиди мудири шуъбаи маориф, аз 84 омӯзгори ҷавон 62 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» масъулини ҳукумати ноҳия бисту шаш омӯзгори ҷавонро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намуданд.
Таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардондани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ намудани тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия кардани онҳо, ҳамзамон, бедор сохтани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзишӣ ба шумор меравад. Дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳоло ҳабдаҳ маҳфил, шаст гурӯҳ бо фарогирии шашсад аъзо фаъолият мекунад. Соли ҷорӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти иловагӣ бахшида ба ҷашнҳои «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди меҳргон», «Рӯзи забони давлатӣ», «Тирамоҳи заррин», «Рӯзи Конститутсия», «Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як силсила чорабиниҳо гузаронида шуд, ки шогирдони муассиса дар онҳо иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аммо боиси нигаронист, ки муассисаи таҳсилоти иловагӣ бинои алоҳида надошта, дар як қисмати муассисаи томактабии рақами 2 ҷойгир шудааст. Ба сабаби нарасидани синфхонаҳо даҳ маҳфили дигар дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд.
- Дар ҳудуди ноҳияи мо Маркази таълимӣ – касбинтихобкунӣ фаъолият мекунад, ки дар вилояти Хатлон ягона марказе мебошад, ки дорои базаи мустаҳками моддию техникӣ мебошад, - мегӯяд мудири шуъбаи маориф ва меафзояд, ки таълим дар он дар ду баст ба роҳ монда шуда, 2432 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии №№1, 2, 5, 62, 10 дар марказ аз рӯйи ҳашт самт: харротӣ, дӯзандагӣ, челонгарӣ, кафшергарӣ, коркарди чӯб, омӯзиши технологияи иттилоотӣ, мураббиягӣ ва таҳияи хӯрокҳои миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони Маркази таълимӣ пас аз супурдани имтиҳонҳои тахассусӣ соҳиби шаҳодатномаи махсус аз рӯйи касби интихобкардаашон мегарданд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият менамоянд.
Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон аз рукнҳои асосии раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Зимни санҷишҳои гузарондаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шуъба маълум гардид, ки сатҳу сифати дониши хонандагон нисбат ба соли гузашта баланд шуда бошад ҳам, ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти ҷумҳурӣ пурра ҷавобгӯ нест.
Чунонки мудир зикр намуд, санҷишҳо бозгӯи онанд, ки меъёри баҳогузорӣ аз ҷониби баъзе омӯзгорон риоя намегардад. Омиле, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат мекунад, фаъолияти дурусти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дурусту самарабахш фаъолият накарда, дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом нарасондаанд. Ба суоли мо дар хусуси бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ мудири шуъбаи маориф посух дод, ки дар нуҳ моҳи соли равон чилу чор намуд китобҳои дарсӣ ба миқдори 164494 нусха, ки маблағи онҳо як миллиону ҳафтсаду чилу панҷ ҳазору як саду шасту чор сомониро ташкил медиҳад, ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардонида шуд. Маблағҳои иҷораи гардиши китобҳои дарсӣ дар соли 2018 102 фоиз иҷро гардида, қарздории иҷораи китобҳои дарсӣ пурра бартараф карда шудааст. Ҳамчунин, бо дастгирии ҳукумати ноҳия баҳри таъмини китобхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия бо китобҳои бадеӣ 82 ҳазору 538 сомонӣ сарф карда шудааст. Дар мавриди фаъолияти Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маориф Ҳакимзода Хайрулло иброз дошт, ки айни ҳол марказ дорои се компютер буда, бо чор воҳиди корӣ таъмин мебошад. Марказ бо шабакаи интернет пайваст аст. Соли ҷорӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 10 11.2016, №4357 «Дар бораи тасдиқи нақша – чорабинии шашмоҳаи омӯзиши технолгияи информатсионӣ» 790 нафар омӯзгори муасисисаҳои таълимӣ аз курси технологияи информатсионӣ гузаронда шуда, ба онҳо сертификати курси омӯзишии «Истифодабарии тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо» дода шудааст. Алҳол муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 1395 адад компютер ва 142 принтер, 8 тахтаи электронӣ ва 13 видеопроектор таъмин мебошанд, ки ин иҷрои барномаи компютеркунониро сад фоиз дарбар мегирад. Мутаассифона, хотирнишон бояд кард, ки дар таълимгоҳҳои ноҳия компютерҳои корношоями «Пентиум – 1» ба 137 адад расидааст. Вобаста ба амалӣ намудани барномаи компютеркунонӣ саҳми роҳбарони хоҷагиҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, аз тарафи раиси хоҷагии ба номи С. Ҷумъаев Холмурод Асадуллозода 10 адад компютер ва раиси хоҷагии ба номи Т. Исанқулов Абдуғаффор Исанқулов 2 адад компютер ба таълимгоҳи ноҳия туҳфа карда шуд.
- Шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати татбиқ ва амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29. 11. 2017 , №554 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020» як қатор корҳоро анҷом додааст», - мегӯяд мудири шуъбаи маориф. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи ҳукумати ноҳия бист номгӯй маводи таълимӣ – лабораторӣ бо маблағи 622 420 ҳазор сомонӣ аз фанҳои физика, биология ва география харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонда шуд. Ҳамзамон, аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи шаст ҳазор сомонӣ 30 кабинети лабораторӣ бо маводи таълимию лабораторӣ таъмин карда шуданд. Ба гуфти мудир, фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ мувофиқи матлаб буда, аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва соҳибмаълумот, роҳбарони маҳфилҳои математика, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забони русӣ, англисӣ, география, химия, технологияи иттилоотӣ ҳашт воҳиди корӣ амал мекунад. Соли гузашта дар олимпиадаи фаннии сатҳи вилоятӣ 52 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, шаш нафар сазовори ҷойи якум, даҳ нафар ҷойи дуюм ва 19 нафар ҷойи сеюм ва 17 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо медалҳо ва Ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ шуданд. Инчунин, нуҳ нафар хонандаи синфи 11- и муасисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардида, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сарфароз гардонда шуданд. Ҳаждаҳ нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи байналмилалии «Кенгуру» аз фанни математика фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон ва коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон бо роҳҳои ҷалби пурраи ноболиғон ба муассисаҳои таълимӣ, ташкили маҳфилҳои гуногун ва амсоли ин аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳарчанд соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳолатҳои содиршавии ҷиноят кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, ин ҳол кормандони шуъбаи маориф ва устоду омӯзгорони таълимгоҳро бе ташвиш монда наметавонад. Маҳз бо ҳамин мақсад шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахши кор бо ноболиғони назди ҳукумати ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо хонандагон, падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ оид ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста дар мавзӯъҳои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ, худкушӣ, саркашӣ намудан аз таҳсил, бо худ овардани телефонҳои мобилӣ ба мактаб вохӯриҳо мегузаронанд, ки он ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас мусоидат менамояд.
Боиси сарфарозист, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 119 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд, ки аз ин шумора шаст нафарашон духтарон мебошанд. Соли гузашта аз 2853 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба муассисаҳоли олӣ ва миёнаи касбӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2106 нафар ба макотиби олӣ дохил шуданд.
Масъалаи бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон ҳамасола дар мадди аввали назари роҳбарияти шуъбаи маориф қарор дорад. Ба тасдиқи мудир, муассисаҳои таълимии ноҳия соли ҷорӣ бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Сомон – 2013» оид ба хариди 24091 ҷуфт либоси мактабӣ шартнома бастанд. Дар маҷмӯъ, муассисаҳои таълимӣ аз корхонаи дӯзандагии номбурда 8400 ҷуфт либоси мактабӣ харидорӣ намуданд, ки ин 35 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
- Барои дар сатҳи баланд гузарондани зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ 690 тонна ангишт, 675 метри кубӣ ҳезум ва 4300 литр сӯзишворӣ захира гардид. Айни замон дар таълимгоҳу кӯдакистонҳо аз захираи соли гузашта 68 тонна ангиштсанг, 130 метри кубӣ ҳезум боқӣ мондааст, - изҳор дошт мудири шуъбаи маориф.
Р.SСуҳбати мо атрофи нашрияи «Омӯзгор» ва мазмуну муҳтавои матолибу мақолаҳое, ки дар саҳифаҳои он дарҷ мегарданд, бо мудири шуъбаи маориф идома ёфт. Мавсуф изҳор дошт, ки устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳар як шумораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва дигар нашрияҳои соҳавиро ба таври мунтазам мутолиа мекунанд. Аз мақолаҳои методӣ дар машғулиятҳояшон истифода намуда, дар семинарҳои фаннӣ дар бораи ину он навишта, ки дархӯри завқу салиқаи омӯзгорон аст, баҳс меороянд. Имсол бояд кормандони соҳаи маорифи ноҳия ба 1000 нусха нашрияи «Омӯзгор» обуна шаванд. То имрӯз онҳо ба зиёда аз 350 нусха ҳафтаномаи «Омӯзгор» обуна шудаанд ва ин маърака то 20 – уми декабр ба анҷом расонда хоҳад шуд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»,
Душанбе – Ҷалолиддини Балхӣ – Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр