Нашрияи Омӯзгор

Қарсак аз ду даст

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Ҳамаи корро, аз ҷумла, кори таълиму тарбияро пурра ба гардани зан бор кардан хуб нест. Синаи зан пур аз меҳру муҳаббат мебошад, вай шамъу чароғи зиндагист. Зан-модар моро ба сӯи меҳрубониҳо даъват мекунад. Афсӯс, ки ҳаёт танҳо аз меҳру шафқат иборат нест.

Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад, агар сахту шуҷоатманд ва дар ақидаи худ устувор набошӣ, мағлуб мешавӣ. Ифтихори миллӣ ва ватандорӣ дар занҳои тоҷик нисбатан кам аст. Борҳо шоҳид шудаем, ки бонувони мо ба мардҳои қавмҳои дигар хонадор шуда, боре ҳам накӯшидаанд, ки фарзандашон бо забони модарияшон таҳсил он тараф истад, дар хонадонашон ҳатто забони модариашонро батамом фаромӯш кардаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мо наздики 60 нафар омӯзгор кор мекунанд, ки танҳо 8 нафарашон марданд. Аз ҷумлаи ин  қадар муаллими мард 3 нафар нафақахӯранд ва қариб 50 сол боз дар ин дабистон фаъолият доранд. Синни 2 нафар марди дигар ҳам ба нафақа наздик омадаасту 3 нафари боқимонда низ аз 40 боло умр дидаанд. Агар нафақахӯронро аз кор озод кунанд, дар мактаб чанд нафар мард мемонаду баъд чӣ мешавад? Кори таълиму тарбияро саҳл пиндоштан оқибати хуб надорад. Кӯдак дар хона танҳо аз модар тарбия гираду (падар танҳо бегоҳ аз кор бармегардад ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст) дар мактаб аз муаллима сабақ омӯзад, оё миҷозаш тағйир намеёбад?

Дар синфи 8-ум борҳо шоҳиди муноқишаи писарону духтарон гардидам. Писар ҳам баробари духтар ҷанҷолу хархаша мебардораду заррае ҳам дарк намекунад, ки бо ҷинси латиф ин гуна муомила кардан ҷоиз нест. Боре ҳам андеша кардаем, ки чаро ҳангоми дарс ва корҳои беруназсинфӣ духтарон нисбатан фаъоланду писарон не? Духтарон ҳамеша мехоҳанд, ки аз ҳама ҷиҳат аз писарон кам набошанд, вале ин гуна ғурур дар сиришти писарон нест, зеро гуфтору кирдори пандомези падарро кам шунидаанду дидаанд ё умуман, нашунидаанду надидаанд. Духтарон дар дил орзуҳои зиёд доранд ва мувофиқи талаботи замон ба ҷониби наздиктарин ва дастрастарин орзуи хеш қадам гузоранд, аммо писаронро ягон орзуи мушаххас нест. Падар аз муҳоҷират ояду ӯро ба мактабе дохил кунад ва фардо низ восита шавад, ки соҳиби коре бошад. Ана, ин аст орзуи мушаххаси ҷавонписар.  Аксари писарони мо шуҷоати мардӣ надоранд, дар асл тарсончаканд. Барои сухан кардан ё шеър гуфтан дар ҷамъомадҳо ҷуръаташон намерасад, шарм медоранд. Охир, ин гуна шарм шарми занона аст! Зеро ҳангоми масхараву таҳқир кардани якдигар ба мисли занҳои лаққӣ мешаванд, яъне дар ин вақт ҷасорат пайдо мекунанд. Агар эшонро ба холашон гузоред, дар синф ва сафороӣ дар охир ҷой мегиранд, яъне дар паси духтарон пинҳон мешаванд.  Дар назди худ мақсади муайян гузошта наметавонанд. Ақидаи солими устувор надоранд. Донишу малака аз мутолиа пайдо мешавад, лекин касе аз писарон китоб хондан намехоҳад ва нафареро ҳам ғурури дигаронро бо дониши худ қоил кардан пайдо намешавад. Аз шахси тарсуву беирода миллатпарасту ватанпарвар ба воя намерасад.

Воқеаи дигар. Мавзӯи иншо «Ватандӯстӣ» буд. Духтаре дар навиштаҳояш Гурдофаридро мисол оварда, чун ӯ ватандӯсту далер шуданашро изҳор доштааст ва писаре бидуни он ки ба мазмуни навиштаҳои он духтар диққат диҳад, айнан он иншоро кӯчондааст. Офарин! Яъне ту духтар барин ватандӯст мешавӣ!

Асарҳои устод Садриддин Айнӣ саросар васфи мардонагиву далериву шуҷоатмандист. Масалан, Садриддини хурдсол пас аз шунидани суханони пурвоҳима ва гӯш кардани афсонаҳои ваҳшатангез ба хаёлаш ҳар чиз омада, аз тарс беҳуш мешавад, падар ӯро бо амали мушаххас насиҳат мекунад, яъне дар дили кӯчаки кӯдак тухми нотарсиро мекорад. Ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ана ин насиҳати падари бузургворро гирифту яке аз бузургтарин шахсиятҳои олам шинохта шуд: “Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!»

Ин гуфтаи падари устод Айнӣ аз синни кӯдакӣ дар қалби банда нақш баста буд ва инак 48 сол мешавад, ки омӯзгори қаторӣ мебошаму ба ягон курсиву мансаб майл накардаам. Қиблагоҳам низ мегуфт: “Ба ту китоб бошад, бас! Аз дасти ту танҳо омӯзгорӣ меояду тамом”.

Зан омӯзгору мураббии хубу аълост. Аз байни занҳо омӯзгорони  машҳур зиёд дорем. Мехоҳам аз таҷрибаи хеш як нуктаро баён кунам. Чун ба синфхона мард ворид мешавад, духтаракону писарконро рӯҳияи дигар фаро мегирад. Худи вуҷуди мард, пайкару қаду қомати вай ва гуфтору кирдораш таъсири хубу амиқ хоҳад бахшид. Агар ин мард бо силоҳи муқтадир - дониши хуб ва усулҳои гуногуни таъсиррасонӣ мусаллаҳ бошад, нуран алонур хоҳад буд. Таъкид ҷоиз аст, ки на ҳар тануманду бузургшикам далериву мардонагӣ нишон дода метавонад ва ин байт низ гуфтаи моро тақвият мебахшад:

Далерӣ кун, ки майдон аз далер

аст,

Агар рӯбаҳ далер афтод, шер

аст.

Дар ‘Гулистон”-и Шайх Саъдӣ ҳикояти басо ибратбахше нақл мешавад. Подшоҳе се писар дошт. Ду нафари аввал пурзӯру қоматбаланд ва сеюмин басо лоғару назарногир. Подшоҳ ба он ду нафар назари меҳр дошту ба хурдӣ не. Ба мамлакат душман ҳуҷум мекунад. Подшоҳ ба умеди писарони қавибозуяш буд, аммо онҳо аз майдони ҷанг мегурезанд. Онҳоро дида, лашкариён фирор мекунанд. Дар ин ҳангом писари хурдӣ ба ҷанг медарояду ҷониби лашкар хитоб мекунад: “Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!» ва худ бо шуҷоату мардонагӣ ҷониби душман ҳамла меорад ва ӯро дида ҷанговарони дигар бо як ҳамлаи барқосо душманро мағлуб мекунанд.

Зан-модар раҳмдил аст, ҳарчанд аз писари худ таҳқир мебинад, боз дар дилаш ӯро мебахшаду гуноҳашро пинҳон мекунад. Ин гуна рафтор писари дар асл занмиҷозшударо нисбат ба корҳои ношоям далертар мекунонад, яъне барои вай дилхоҳ кору ҳама чиз «мумкин аст».

Набояд фаромӯш кунем, ки агар устоду мураббӣ Гурдофарид  (қаҳрамони “Шоҳнома”), падараш Гаждаҳам-паҳлавон бошад, устоду роҳнамои Мавзуна Чориева (варзишгари номӣ) низ мард аст, ки ӯро ба далериву корнамоӣ ва ҷасорату қаҳрамонӣ хидоят намуд.

Бигзор, занҳои мо ҳамеша дар таҳсилу кору зиндагӣ  пешқадам бошанду ҳаёт ва вуҷуди онҳо пурнакҳату зебову хуррамтар гардад. Танҳо мехостам, ки дар таълиму тарбияи фарзанд дар паҳлуи зан  шавҳар ва дар мактаб бошад, дар қатори муаллима муаллим ҳам фаъолият кунад, яъне мувозинат гум нашавад. Қарсак аз ду даст аст. Инчунин, банда ҷонибдори он нафароне мебошам, ки фаъолияти ҷавонписарон, умуман, мардонро дар мактаб баробари хизмати ҳарбӣ донанд.

Кори мактаб, ба синфи 30-нафара дарс додану ба онҳо роҳбарӣ кардан азму матонат ва бурдбориву шуҷоат талаб мекунад, бародарон ва хоҳарони азиз! Мардонагиро зан ҳам нишон дода метавонад, лекин набояд фаромӯш кунем, ки мардиро дар асл аз мардони ҳақиқӣ меомӯзанд.

Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ,

омӯзгори мактаби №17-и

шаҳри Ҳисор, нависанда


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш