Нашрияи Омӯзгор

ИҶКОМ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

ИҶКОМ соли 2003 барои таҳкими ҳамгироии фарҳангӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти деҳоти кӯҳистон ҳамчун ташкилоти баналмилалӣ таъсис ёфтааст.

Иттиҳодияи мазкур дар аввал 7 деҳа аз Қирғизистон, 2 деҳа аз Қазоқистон ва як деҳа аз Тоҷикистонро фарогир буд. Кунун 72 деҳа аъзои иттиҳодия ҳастанд, аз ҷумла, 37 деҳа аз Тоҷикистон мебошанд.

Бо эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ИҶКОМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдтар равона шуд.

- Санъату ҳунар ва сайёҳӣ на танҳо рукни муҳими фарҳанг аст, балки ба манбаи буҷаи хонаводагӣ табдил меёбад, - мегӯяд собиқ роҳбари ИҶКОМ (Иттиҳодияи ҷамоатҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ) Шаҳбоз Миралибеков.

Иттиҳодия бар он кӯшиш дорад, ки меҳри ҳунарҳои миллиро дар дили толибилмони хурдсол бештар ҷо диҳад. Дар деҳаи Дурахшони ноҳияи Файзобод фаъолияти ҳисоботии иттиҳодия шунида шуда, дар конфронс намояндаи деҳаи Сатии Қазоқистон Боймирзо Сейсинбай роҳбар ва Ҷамолиддин Худойдодов, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби он интихоб шуданд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш