Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид ва ин тадбири судманди давлату ҳукумати кишвар боис гардид, ки мо Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари сайёҳӣ нахуст барои худ муаррифӣ намоем.
Баракати ин сол буд, ки ҳамагӣ дар чанд моҳ барои рушди сайёҳӣ дар кишвари мо заминаҳои фаровоне ба вуҷуд омаданд. Табиати нотакрору зебо, рӯдҳову дарёҳои кӯҳии мусаффо, мавзеъҳои таърихии қадимӣ, кӯҳҳои сарбафалак ва монанди он ҳама сарвату ганҷи бебаҳои кишвари мост. Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии мусоид тавонистааст, ки диққати хориҷиёнро ҷалб намояд. Шоҳроҳи бузурги абрешим ҳазорсолаҳо боз аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Табиист, ки имрӯз низ ин шоҳроҳ муаррифгари Тоҷикистон дар ҷаҳон буда метавонад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо шумораи ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки аз кишвари мо дидан кардаанд, ҳудуди 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. То соли 2021 бояд ин шумора ба як миллион нафар рафта расад. Рақамҳои боло гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон барои худ заминаҳои хуби инкишофи иқтисодиро дар ихтиёр дорад. Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз тавонистааст, ки таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб намояд.
Тоҷикистон сарзамини қадимии дорои ганҷинаҳои нодири таърихист. Имрӯз Суғд, Хатлон, Бадахшон ва Раштонзамину водии Ҳисори тоҷикон ҳама саршори боигариҳои маънавист. Мақбараву зиёратгоҳҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар маркази таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад. Сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан менамоянд, бештар ба туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ майл доранд. Обҳои шифобахш, чашмаҳои зулолу пурмуъҷиза, қуллаҳои дар тобистони гарм барфпӯш, мавзеъҳои таърихии нодир ва амсоли он ба таври ҳамешаву бесобиқа таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб менамояд. Ҳамчун як шаҳрванд ва омӯзгори фанни забони англисӣ андеша дорам, ки бояд ин ҳама ганҷинаҳоро дар навбати худ барои наврасону толибилмон муаррифӣ карда тавонем. Тавассути дасрҳои махсуси тарбиявӣ онҳоро огаҳ намоем ва меҳру эътиқоди онҳоро ба ҳама ганҷинаҳо афзун гардонем. То андозаи имкон талош кунем, ки онҳо аз мавзеъҳои таърихии кишвар дидан намоянд. Хеле хуб мешавад, ки дар заминаи донишҳои забони англисӣ толибилмони фаъоли мо тарғибгари фаъоли сарватҳои моддиву маънавии миллат шаванд. Дар ин самт ба роҳ гузоштани дарсҳои алоҳида аз манфиат холӣ нест. Маълум аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман интернет ба корҳои беҳуда машғул мешаванд. Дар дарсҳои забони англисӣ бояд омӯзгор бо додани матнҳои кутоҳ дар бораи табиати кишвар, мавзеъҳои таърихӣ, обҳои шифобахш, қалъаҳо ва монанди он шогирдонро водор намояд, ки онҳоро тарҷума намуда, бо таҳрири омӯзгор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намоянд. Ҷои бадӣ надорад, ки онҳо шогирдона дар бораи ҳунарҳои мардумии алоҳида, аввал бо забони тоҷикӣ иншоҳои хурд (эссеҳо) нависанд. Баъдан бо тарҷумаи англисӣ онҳоро дар расонаҳои алоҳида ва махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд.
Тарғиби муҳаббати ганҷинаву сарватҳои диёрамон дар ботини наврасон ин заминаи неки ояндаи кишвари мост.
Латофат САВЛАТОВА,
омӯзгори забони англисии
гимназияи хусусии «Тоҷикистон»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр