Нашрияи Омӯзгор

Ҳунармандӣ боиси саодатмандист

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Ҳунар гиреҳкушои  тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Ҳунар инсонро неруи тавоно мебахшад, пешрав мекунад. Баракати ҳунар  боиси  идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад. Ҳоло аксар мутахассисон ва соҳибҳунарони ватании мо барои бунёди муҳимтарин  иншооти аср – НБО-и Роғун саҳми худро  гузошта истодаанд. Ин иншооти стратегӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии  кишварамон қувваи асосӣ хоҳад буд... Оре, интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон – гарави комёбиҳост.

Амали интихоби касб мазмунан  иҷтимоӣ, усулан педагогию психологӣ  ва аз рӯи натиҷабар-дорӣ иқтисодӣ мебошад.

Вазифаи имрӯзаи мактаб ва ҷомеа аз он иборат аст, ки ба нав-расон барои интихоби касб дар шароити иқтисоди бозорӣ кумак расонанд.

Воситаи асосии ташаккулдиҳии интихоби касбӣ дар шахс бояд инҳо бошанд:

1. Маълумотдиҳии касбӣ (маълумот оид ба касбҳо, хусусиятҳои онҳо, талаботи касб ба шахс, ҳолати иқтисодӣ ва иҷтимоии касб, шароити меҳнат, музди кор, талаботи психологии касб, роҳҳои ба дастоварии касбу ҳунар).                                        

2. Машварати касбӣ (баъди гузаронидани ташхиси пешакии касб муайян намудани шавқу ҳаваси хонанда ба касби интихобнамуда, таҳлили ҳуҷҷатҳои синфии хонанда, ташхиси тиббӣ ва фикру андешаҳои муаллимони фанҳои гуногун).

3. Инкишофи шавқ, майлу рағбат ва лаёқатмандӣ.

4. Иттилоот ва маърифати касбӣ.

5. Маслиҳати устодон, интихоби дуруст.

6.Мутобиқшавии иҷтимоию касбӣ (адаптатсия).                                                                     

Кабинети касбинтихобкунӣ маркази корҳои ташкили методии интихоби касб дар мактаб ҳисобида мешавад ва вазифаҳои асосии он чунинанд :

шиносоӣ бо касбҳои маъмули коргарӣ, майлу рағбат ба интихоби бошууронаи касб;

- ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродӣ ва эҳтиёҷи хоҷагии халқ ва тайёр намудани хонандагон ба интихоби касб;

- дар хонандагон бедор кардан ва инкишоф додани шавқу ҳавас нисбат ба касб ва қобилият;

- дар хонандагон бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба худмуайянкунии касбӣ;

- тавзеҳи интихоби роҳҳои соҳиб шудан ба касб.

Кабинети  касбинтихобкунӣ барои корҳои фардӣ ва гурӯҳӣ бо хонандагон, бо волидайни онҳо ва корҳои беруназсинфӣ истифода бурда мешавад.

Махсусан, ба хонандагоне, ки дар интихоби касб душворӣ мекашанд ва ё бо сабаби бад будани саломатиашон аз ин кор дур мемонанд, диққати махсус бояд дод.

 

Қобил МУҚИМОВ,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш