Нашрияи Омӯзгор

Дурнамои инкишофи туризм дар Тоҷикистон

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Туризм дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Тавре аз нишондоди оморӣ бармеояд, ҳар 16-умин корманд дар миқёси олам дар соҳаи туризм фаъолият мекунад. Соли равон дар ҷумҳурии мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

Тоҷикистон аз соли 2007 узви Созмони байналмилалии сайёҳӣ мебошад ва пайваста дар ҳамоишҳои ин созмони бонуфуз ширкат меварзад. Тоҷикистони офтобии мо дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, ансамбл ва маҷмааҳои меъмории таърихӣ ва фарҳангӣ-таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори ҳайвоноту наботот мебошад. Имрӯзҳо туризми этнографӣ низ миёни сайёҳон маълуму машҳур аст. Дар рафти ин гуна саёҳатҳо сайёҳон на танҳо аз таърихи  сарзаминҳо ошно мешаванд, балки бо роҳбарии устоҳои моҳир нозукиҳои касбҳои қадимии ин ё он халқу миллатро меомӯзанд. Дар шаҳрҳои қадимаи кишвар-Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб ва Ҳисор ёдгориҳо ва расму оинҳои қадимии мардуми тоҷик, ба монанди заргарӣ, шоҳибофӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, ҷӯроббофӣ… то имрӯз боқӣ мондаанд, ки яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мебошанд. Ҳамчунин, метавонем бо ривоҷ додани туризми кӯҳнавардӣ сайёҳони бештареро ба кишварамон ҷалб намоем, чунки зиёда аз 93%-и масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд..

Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи сайёҳӣ зиёд боқӣ мондаанд. Баҳри пешрафти назарраси соҳаи туризм дар миқёси кишвар корҳои зерин бояд анҷом дода шаванд:

- омода намудани мутахассисони лаёқатманди бахши сайёҳӣ;

- тақвият додани зерсохторҳои туризм;

- барқарорсозии иншоот ва базаҳои туристӣ дар ҷумҳурӣ;

- ташкил намудани ярмаркаҳои сатҳи баланд дар минтақаҳои сайёҳии кишвар, аз қабили Балҷувон, дараҳои Варзоб, Ромит, Алмосӣ,  қаторкӯҳҳои Зарафшон, Помир ва ғайра;

- соҳаи сайёҳии кишвар аз тарафи мутахассисони соҳа бояд зери таҳлили ҷиддӣ қарор гирад;

- ба зудӣ ҳал шудани масъалаҳои раводиди сайёҳони хориҷӣ аз тарафи мақомоти дахлдор;

- ба шахсоне, ки дар бахши сайёҳӣ корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд, аз тарафи давлат бояд маблағҳои бебозгашт-грантҳо ҷудо шаванд;

- дар фазои ҷаҳонии интернет саҳифаҳои махсуси таблиғотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шаванд ва дар он роҷеъ ба табиати афсонавӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумоти пурра дода шавад;

- ҷалб ва ҳавасманд кардани сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ.

Фарангез Оташбекова,

мактаб-интернати ҷумҳуриявии

№1-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш