Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзӣ пайомади заҳматҳост

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Расидан ба пирӯзӣ орзуи ҳамешагӣ, балки мароми зиндагии ҳар як шахс, ҳар гурӯҳу муассисаву соз-мон аст. Барои ин лозим меояд, ки кас матиниродаву собитқадам, боғайрату эҷодкор ва ҷӯянда бошад, пайваста биомӯзаду доираи донишу фаҳмишашро густариш бубахшад.

Ҳар пирӯзӣ ба комёбии навин роҳ мекушояд ва боиси ифтихору сарбаландӣ мегардад. Ҳамин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ маъмурият ва омӯзгорон ҳамеша бар он мекӯшанд, ки натиҷаҳои шоистаи ҷидду ҷаҳди худро дар ҷодаи таълиму тарбияи шогирдон дар оинаи пирӯзиҳо дар озмуну сабқатҳои гуногун инъикос намоянд. Аз ин лиҳоз устодону хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дасти боло доранд. Ҳамасола хонандагони ин таълимгоҳ дар озмуну сабқатҳои гуногуни шаҳрию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Дар соли таҳсили гузашта хонандагони литсей дар даври дуюми (шаҳрии) олимпиадаи фаннии мактабиён дар маҷмӯъ аз фанҳои гуногун 23 ҷои  ифтихориро соҳиб гашта буданд. Солҳои қаблӣ низ шогирдони литсей дар ин даври олимпиада дастовардҳои шоиста доштанд. Соли равон барои аҳли литсейи хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ, ба иборае, соли рекордӣ гашт. Шогирдони литсей (синфҳои 9-11) бо роҳбарии омӯзгорони ғамхору соҳибтаҷрибаи хеш комёбии соли гузаштаашонро дар олимпиадаи фаннӣ (даври шаҳрӣ) сад дар сад афзун намуданд. Онҳо аз фанҳои гуногун 16 ҷойи аввал, 16 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм ва дар маҷмӯъ 52 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд, ки ин дар миқёси пойтахт натиҷаи беҳтарин буд. Хонандагон бештар аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ, математика, химия ва география ба пирӯзӣ муваффақ гаштанд. Ин ҳам далели ҷолиб аст, ки дар олимпиада хонандагони синфҳои 9-уми литсей нисбат ба хонандагони синфҳои 10 ва 11 бештар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ин ба аҳли таълимгоҳ эътимоду боварӣ мебахшад, ки минбаъд комёбиҳои шогирдон боз ҳам хоҳад афзуд. Албатта, дар омодасозии хонандагон ба олимпиада омӯзгорони онҳо нақши меҳварӣ мебозанд. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама, бояд ҷидду ҷаҳди муовини директори литсей Ҷовидон Атоевро таъкид кард. Ӯ барномаи махсуси омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои фанниро таҳия намудааст, ки хеле ҷолибу пурмуҳтавост. Омӯзгорони варзидаи таълимгоҳ Ҳ.Фасхуддинова, Н.Базарова, Р. Восиев ва Ф. Қодиров низ дар ин самт фаъолу кӯшоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ, ки аввали моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Москва баргузор гашт ва дар он 400 хонанда аз 10 давлати ҷаҳон иштирок доштанд, хонандаи синфи 8-уми литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ Абӯбакр Исмоилзода сазовори ҷойи аввал гашт.

- Ҳоло мо бо шогирдонамон ба даври навбатии олимпиадаи фаннӣ омодагӣ мегирем, - мегӯяд муовини аввали директори литсей Шарофат Ҷамолова. – Ҳар кори хубро анҷом ҳам хуб бояд бошад. Бовар дорем, ки дар давраи минбаъдаи олимпиада низ хонандагони мо ба комёбиҳои шоиста ва бештар аз солҳои пешин дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Ин ҳикмати волои ниёгони барӯмандамон ҳамеша ҳидоятгари мост:

Қонеъ машавӣ, ба ҳар чӣ ёбӣ,

Аз хуб ба хубтар шитобӣ.

 

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш