То ба ин муассиса расидан фикр мекардам, ки роҳбари он шояд шахси баркамолест, аммо дар дафтари мудир Вероника-духтараки резаандоми ҷавонро дидаму фаҳмидам, ки тасаввурам иштибоҳ будааст.
Дар рӯ ба рӯи директори генералӣ ва муассиси пурталоши Академияи STEEM - «Империяи дониш» Вероника Коробкина нишастааму суҳбати гарме оростем. Ӯ соли 1979 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 2001 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуд. Дар даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2005» иштирок варзида, соҳиби ҷойи дуюм гардид, вале барои Вероника Коробкина ин нуқтаи ниҳоии кор набуд, зеро ӯ дар пеши худ ҳадафҳои зиёде гузошта буд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2011» ғолиби мутлақ гардида, ҷои якумро ба даст овард. Пас аз он низ дар бахшҳои иҷтимоию фарҳангию илмию омӯзишӣ соҳиби ҷоизаҳои зиёде гардидааст.
Вероника мегӯяд, ки аз наврасӣ дар назди худ нақшаҳои бузург мегузоштам ва барои амалӣ гаштанашон талош мекардам. Ҳеҷ гоҳ ба дастовардҳоям қаноат намекунам ва мекӯшам имрӯзам беҳтар аз дирӯз бошад. Ҳамчун омӯзгору роҳбар ҳамеша дар ҷустуҷӯю омӯзиш ҳастам. Дар дилам орзу доштам, ки барои пешрафти соҳаи маорифи кишвар коре анҷом бидиҳам…
- Боре аз тариқи телевизион дидам, ки писарбачае аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаи «Удивителние люди» ширкат меварзад. Ба худ андешида, гуфтам: - Чаро аз Тоҷикистон не? Кӯдакони мо ҳам ин гуна лаёқатҳоро доранд, фақат маҳорати онҳоро кашф кардан, кушодан, омӯзонидану рушд додан зарур аст,- ва аз пайи иҷрои орзуям шудам. Бо кӯшишу талошҳои зиёд моҳи августи соли 2016 Академияи STEEM - «Империяи дониш»-ро таъсис додам.
- Барномаи аввалини омӯзишии «Империяи дониш»-арифметикаи зеҳнӣ буд, ки дар ин бахш мо натиҷаҳои назаррас ба даст овардем,- мегӯяд Вероника Коробкина. Ду шогирдамон Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода дар хориҷ аз кишвар маҳорати худро дар сатҳи хеле баланд нишон доданд ва номи кишвари азизамон-Тоҷикистонро бештар муаррифӣ карданд. Манижа Тошболтаева ҳамчунин дар яке аз барномаҳои шабакаи «Наука»-и Федератсияи Россия ва олимпиадаи байналмилалӣ дар Африкаи Ҷанубӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид. Имрӯзҳо Академияи STEEM-«Империяи дониш» дар миқёси ҷумҳурӣ дар бахши таҳсилоти иловагӣ ҳамчун муассисаи пешқадам шинохта шудааст. Муваффақиятҳои зиёд дорем. Хоҳишмандони зиёде ба муассиса муроҷиат мекунанд, то ки фарзандонашон арифметикаи зеҳниро аз худ кунанд. Волидайн пешравиҳои фарзандонашонро дида, шод мешаванд ва барои давом додани омӯзиши ҷигаргӯшаҳояшон ҳавасманд мегарданд. Падару модарони дигар комёбиҳои хонандагони моро дида, талош менамоянд, ки кӯдакашонро дар ҳамин муассиса ба таҳсил фаро гиранд. Айёме, ки мехостем ба фаъолият бипардозем, берун аз кишвар ҳамкорон ва мутахассисонеро ҷустуҷӯ мекардем, ки ба омӯзгорони мо нозукиҳои арифметикаи зеҳниро омӯзонанд. Хушбахтона, ин мушкилиро ҳал кардем ва дар академия имрӯз беҳтарин омӯзгорон-мутахассисони ҳирфаӣ ба бачаҳо илму маҳорат меомӯзонанд. Айни замон Академияи STEEM - «Империяи дониш» узви Ассотсиатсияи байналмилалии PAMA Global Abakus & Mental Arithmetic Association мебошад ва ягона намояндаи ин ассотсиатсияи бонуфуз дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар Академияи STEEM - «Империяи дониш» низ баҳри рушду инкишофи кӯдакону наврасони кишвар айни замон боз ду барномаи омӯзишии дигар: фаъолияти муҳандисӣ ва робототехника (оғози фаъолияти гурӯҳҳо моҳи апрели соли 2017) ва Brain Fitness-барои калонсолонро (оғози фаъолияти гурӯҳҳо моҳи феврали соли 2018) роҳандозӣ намудаанд, ки дар байни хоҳишмандони синну соли гуногун ҳаводорони зиёд доранд. Баъди хатми курсҳо барои донишомӯзони ин бахшҳо ба корхонаҳои саноатии кишвар саёҳатҳо ташкил карда мешавад. Моҳи апрели соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар олимпиадаи муҳандисӣ ва робототехника, ки дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон баргузор гардида буд, иштирок варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор гаштаанд. - Хонандагони академия пайваста дар озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ғолибият ба даст меоранд, ки боиси ифтихори аҳли заҳмати академия аст,- мегӯяд В. Коробкина. Ба гуфтаи директори академия айни замон дар муассисаи таълимии мазкур тақрибан 150 нафар кӯдак ва дар марказҳои ҳамкори академия дар шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор беш аз 100 нафар кӯдаки аз синни 5 то 17-сола ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Имсол нақша доранд, ки дар ду шаҳри дигари мамлакат филиалҳои академияро таъсис дода, дар муассиса мактаби соҳибкорӣ ва маҳорати суханвариро ифтитоҳ бахшанд. Ҳамин тавр, Академияи STEEM - «Империяи дониш» бо ташкили гурӯҳҳои омӯзишӣ барои ҳама синну сол дар 4 бахши соҳаи маориф мақоми баландро касб кардааст.
Директори генералии Академияи STEEM - «Империяи дониш» Вероника Коробкина дар фарҷоми суҳбатамон бо эҳтироми беандоза изҳор дошт, ки мо - аҳли омӯзгорони академия аз дастгириҳои ҳамешагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, аз вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид миннатдорем.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр