28-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхона - озмоишгоҳи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид.
Озмоишгоҳи инноватсионии мазкур аз ҷониби ЮНИСЕФ дар доираи лоиҳаи “Озмоишгоҳи инноватсионии наврасон” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд, ки бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.
Шоистаи таъкид аст, ки соли 2017 нахустин озмоишгоҳ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор гирифта буд. Соли ҷорӣ дар заминаи марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмоишгоҳҳо созмон дода шуд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Вахш ва ВМКБ таъсиси чунин марказҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
корманди Маркази
матбуоти Вазорати
маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр