Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия» баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Суғд, коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии мамолики Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо, аз ҷумла, аз Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишкадаи ҳарбӣ-техникии гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҶДММ-и «Локомотиви Урал», Маркази такмили ихтисоси назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва СММ, намояндагони донишгоҳҳои кишвар иштирок доштанд.
Баргузории анҷумани байналмилалии «Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо: назария ва амалия» дар шароити имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон ҷиҳати ташаккули мафкураи ҳуқуқии ҷомеа, татбиқи қонунҳо, инкишоф ва ташаккулёбии қонунгузорӣ, хосатан ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти раванди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир саҳмгузор хоҳад шуд. Сипас, суханронии муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода шунида шуд.
Дар ҷаласаи пленарӣ тибқи барнома вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, директори Агентии мустақили аккредитатсия ва баҳогузории Ҷумҳурии Қазоқистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Алина Жумагулова, дотсенти Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абулҳай Муминов, мушовири лоиҳаи муштараки Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва СММ Мирзатилло Тиллабоев, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Беҳрӯз Қурбонзода ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Бахтиёр Самадов маърӯза намуданд.
Дар гузоришот масъалаҳои инкишофи қонунгузорӣ, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир, муаммоҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, роҳҳои такмили амалияи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр