Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами таълим дар замони муосир” баргузор гардид.
Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки раёсати донишгоҳ дар давраи омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба масъалаи татбиқи амалии амру фармонҳо ва нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм эътибори ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои амалӣ меандешад, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии раванди таълим, илм ва инноватсияро таҳия намуда, ба таври мунтазам мониторинги сифати таҳсилотро анҷом медиҳад. Ба роҳ мондани пурсиши афкори омӯзгорон, назорати электронии раванди таълим, ташкили семинар - машваратҳо оид ба масъалаҳои сифати таҳсилот, таҳия ва татбиқи стандарт ва матритсаи сифати таҳсилот, ташкили дарсҳои кушод, назорати мунтазами машғулиятҳои омӯзгорони ҷавон, таҳияи бастаи маводҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани баҳогузории рейтингӣ ба фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон, таҳлили динамикаи дараҷаи донишандӯзӣ ва сифати таҳсилот дар донишгоҳ, ки ба таври ҳамешагӣ сурат мегиранд, сатҳу сифати таҳсилотро беҳтар намуда истодаанд, ки ин аз комёбиҳои донишгоҳ дар чанд соли охир мебошад.
Баъдан муовини ректор оид ба таълим Абдуфаттоҳ Раҳимов, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Зариф Наимов дар мавзӯи “Арзишҳои миллӣ дар ташаккули маърифат ва шахсияти шогирдон аз нигоҳи педагогӣ”, сардори раёсати таълими донишгоҳ, дотсент Муҳиддин Сабуров дар мавзӯи “Идоракунӣ, таъмин ва рушди сифати таҳсилот дар муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва декани факултаи филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ба маърӯза дар мавзӯи “Мақсадгузории таълим аз рӯи назарияи “Таксономия”-и Блум”маърӯза намуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр