Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва махсусиятҳои давлатдории тоҷикон

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дарвоқеъ, таърих барои ҳар халқу миллат дар мароҳили гуногуни таърихӣ ашхоси тавомандеро эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро ба дӯш дошта бошанд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо амнияти сохтори конситутсионии кишварро таъмин намуд, балки худ кафил ва ҳомии Конститутсия буда, барои эҷоди Консепсияи сиёсати ҳуқуқии кишвар заминаи боэътимод гузоштааст.

Муҳимтарин аркони давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсати Президенти кишвар ба сифати Пешвои миллат, бешак, эҳё ва наҷоти миллату давлат, заминагузори давлати навини Тоҷикистон ва такомулбахшии рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ба пиндори мо, дар нукоти зерин маъниёб гардидааст.

Якум, Пешвои миллат низоми нави ҳуқуқии кишварро бунёд гузошт. Парламенти дупалатагӣ ба вуҷуд омад. Вобаста ба ислоҳоти соҳаҳо заминаҳои ҳуқуқии нав бунёд ёфтанд, ки асоси рушди минбаъдаи кишварро таъмин намуданд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ аз қолабҳои муқаррарии санадҳои меъёрии ҳуқуқии замони шӯравӣ даст кашида, вазъи ҳуқуқии комилан нав ва миллии кишварро тарҳрезӣ намуд. Дар Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти куллӣ ба миён омад, ки барои ташкили давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва роҳ ба сӯи иқтисодиёти бозорӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овард.

Дуюм, низоми нави маориф ва ислоҳоти илмро дар кишвар ҷорӣ намуд. Дар ин замина, барномаҳои нави таълимӣ таълиф гардида, низоми таълими миллӣ эҷод шуд. Зеро низоми мукаммал ва муназзами маориф дар ҳама давру замон ҷиҳати рушди ҷомеа ва давлат заминаи боэътимод мегузорад. Қабули Стратегияи рушди маориф, Консепсияҳои миллии таҳсилот, қабули 15 Барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф,  бунёд ва таъмири садҳо муассисаи таълимӣ, қабули низоми кредитӣ дар соҳаи маориф, таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Сеюм, арзишҳои олии миллию давлатиро муаррифӣ намуд ва ба онҳо вазъи ҳуқуқии махсус эҳдо кард. Барои халқи Тоҷикистон дар ин ҳошия мафҳуми муқаддасоти он: Тоҷикистон, Конститутсия, Президент, рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, пули миллӣ, арзишҳои олии миллию давлатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бештар рӯнамо гардид.

Чорум, муносибатҳои дипломатиро дар шакли нави миллӣ ба роҳ монд. Имрӯз кишвари маҳбуби мо ба 185 мамлакати олам равобити дӯстона ва ҳасана дорад, ки асосгузори ҳамаи ин муносибатҳои хуби дипломатии мо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буда, аввалин маротиба дар таърихи тоҷикон дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун давлати «соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона» муаррифӣ намуд.

Панҷум, фарҳангро (театр, кино, рассомӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва ғ.) дар тарҳи нав муаррифӣ намуд ва фарҳанги миллиро асос гузошт. Таҳти сарварӣ ва аз файзи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ба аҳли ҷаҳон тавассути сафарҳои ҳунарӣ ва намоишҳо халқи бузурги мо ҳунарҳои миллии худ: шашмақомсароӣ, гуруғлихонӣ, рассомӣ, кандакорӣ, атласбофӣ, чакандӯзӣ, сӯзанӣ, каҷкорӣ, таомпазӣ ва амсоли онро шинос намуд.

Шашум, низоми самаранок ва муназзами иқтисодии кишварро (бо вуҷуди бисёр мушкил будан) бунёд кард. Дар Тоҷикистон барои рушди намудҳои гуногуни моликият замина ба вуҷуд омад ва ин амал боиси тараққиёти бемайлони иқтисодии кишвар гардид.

Ҳафтум, ба тафаккури миллати шарифи тоҷик ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба тамаддуну фарҳанги худ, гуманизм, суннатгароӣ ва ватанпарвариро дар шакли муосир ва вобаста ба шароити муосир ҷой намуд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои пасошӯравӣ ба низоми нави ҷамъиятӣ, сохтори омехтаи идоракунӣ рӯ ба рӯ шуда, барои ба роҳ мондани идоракунии самаранок дар навбати аввал ба модели идоракунии ҳамсоягон, бавежа Федератсияи Россия такя менамуданд. Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба модели идоракунии дигарҳо такя накарда, комилан шеваи хоси миллии идоракунии худро дар идораи давлат истифода намуд, ки заминаи он аз таҷрибаи давлатдории гузаштагонамон “об менӯшид”.

Дар ин замина, марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони муосир таҳти низоми идоракунии самаранок ва муназзами Пешвои миллат дар марҳилаҳои эҳё, таҳаввулот, тараққиёт ва рушди бемайлон минбаъд ифода ёфтанд.

Халқи бузурги Тоҷикистон маҳз таҳти сарварии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки ин мақсаду маром бо тадриҷ амалӣ гардида истодаанд ва имрӯз дар марҳилаи сифатан нави таърихӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат аз ибтидо сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона кард ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ки дархӯри манофеи миллии кишвар буданд, густариш ёфтанд.

Шариф Шарифов,

мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи

идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Абдуаҳад Шарифов,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш