Нашрияи Омӯзгор

Шиносномаи миллат

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар муаррифии халқи тоҷик ва таърихи пурҳаводиси он як гурӯҳ фарзонафарзандони  миллат хизматҳои  фидокоронаю мондагор кардаанд, ки дар қатори онҳо Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мавқеи барҷаста ва пуршараф дорад.

Ин абармарди ҷабҳаи илму сиёсат тамоми умри пурбору  пурбаракати худро  ба рушду такомули  Ватани  маҳбубаш бахшидааст ва ифтихори халқу миллат гардидааст. Асари  барҷастаи  Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» то имрӯз дар илми шарқшиносӣ ва таърихнигорӣ назир надорад ва азму матонату иродаи  офаридгори ин асари  калонҳаҷму  пурмуҳтаво ҷаҳониёнро  ба ҳайрат гузошта. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китоби «Тоҷикон» бо ифтихор ва сипосмандӣ  навиштаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи  миллат аст. Ин шоҳасари  безавол, ки самараи меҳнати  сисолаи  олим аст, аз ҷумлаи  таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи  таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби  рӯйимизии  ҳар як фарди соҳибмаърифати  тоҷик  мебошад ва барои худогоҳии  миллӣ ва рушди  тафаккури  таърихии мардуми  мо чун  обу ҳаво зарур аст».

Роҳи тайкардаи  Бобоҷон Ғафуров дар зиндагӣ  хеле пурпечутоб ва омӯзанда, рамзи садоқат ба Ватан, ба халқи азизи хеш мебошад. Фаъолияти эҷодии ин алломаи  замон соли 1930 ба сифати  рӯзноманигор (дар рӯзномаи «Қизил Тожикистон») оғоз ёфтааст. Пас аз чанд соли  кор дар ин нашрия  ӯ Донишкадаи умумииттифоқии  коммунистии журналистикаро дар шаҳри Маскав ба итмом  расонда, доираи  фаъолияти  рӯзноманигориашро  густариш бахшидааст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Бобоҷон Ғафуров дар матбуоти  тоҷик оид ба мавзӯъҳои  ватан ва ватандӯстӣ, мардонагию далерӣ, қаҳрамониҳои  фарзандони халқи тоҷик мақолаҳои  зиёди  муассиру ҳадафманд эҷод кардааст.

Мо Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун роҳбари ҷумҳурӣ ва иҷрокунандаи  чанд вазифаи  масъули  ҳизбии Шӯравӣ, ҳамчун директори  Пажӯҳишгоҳи  ховаршиносии АИ Иттиҳоди  Шӯравӣ хуб мешиносем ва аз хизматҳои ҷасуронаи ӯ  ба нафъи ҷумҳуриамон огаҳӣ дорем. Дар ин мавзӯъ асарҳои зиёде эҷод шудаанд. Бо ин ҳама, ин абармарди  миллат барои мо, тоҷикон ва барои  доираи  васеи аҳли илм ҳамчун олиму муҳаққиқи  тавонову забардаст, муаллифи  китоби «Тоҷикон» ва силсилаи  асарҳои  таърихӣ шинохта мешавад. Коршиносони соҳаи илм  ба асарҳои публитсистии ин олими маъруф низ баҳои  баланд додаанд. «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров то ба имрӯз муҳимтарин сарчашмаи  худшиносӣ ва ифтихори  миллии халқи азизаш мебошад. Тору пуди ин шоҳасари  мондагор  аз воқеият, ҳақиқат, аз санадҳои  муътамад ва низ аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллату халқи сарбаланди тоҷик сиришта шудааст. Метавон гуфт, ки як ҳадафи  асосии иншои «Тоҷикон» таъкиди аз қадим соҳибдавлат ва сазовор ба истиқлолият будани ин халқи  деринтаърих мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз, ки мо ба Истиқлолияти давлатӣ расидаем, китоби «Тоҷикон» мазмуну муҳтаво ва аҳамияти бештаре пайдо кардааст. Аз  ин ҷост, ки  бо ибтикори  Пешвои миллат  ҳанӯз соли 1998 китоби «Тоҷикон» ба тозагӣ ва бо сифати баланду теъдоди  зиёд ба забони  тоҷикӣ чоп ва ҳадя ба ҳар хонадони  тоҷикон гардид. Имрӯз дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат ин шоҳасар амиқ омӯхта мешавад ва он, воқеан ҳам, шиносномаи миллат гардид. Шоир бисёр хуб ва ифтихормандонаву барҳақ гуфтааст:

Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони

мост,

Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон».

 

Ошурмо ИОРБЕКОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи 

мактаби №41-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш