Таълиму тарбияи насли бохираду ҳаматарафа рушдёфта ва солим ҳадафи асосоии соҳаи маорифи мамлакат маҳсуб меёбад. Яъне шогирдони мо бояд оқилу доно, хушрафтору хушмуомила, солиму тавоно ва ҳушёру зирак бошанд. Мегӯянд, ки ақли солим дар тани солим аст. Яке аз омилҳои асосии дорои саломатии устувор будан пайваста машғул шудан ба варзиши бадан мебошад. Варзиш ҳам ба обутоби ҷисмонӣ ва ҳам ба обутоби маънавӣ мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки дар мактабҳо аз соли нахустини таҳсили кӯдакон дарси тарбияи ҷисмонӣ таъйин шудааст. Барои дар ин дарс фаъол будани кӯдакон нахуст бояд дар онҳо ҳисси эҳтиром ба варзиш ва эътиқод ба онро пайдо кард. Хонандагон бояд аз аҳамият ва омилҳои варзиш хуб бохабар бошанд. Барои ин омӯзгор метавонад аз василаҳои гуногун истифода барад. Баъзе аз ин василаҳоро ёдрас мекунем: нақл дар бораи аҳамияти варзиш ва варзишгарӣ, ҳикоятҳо оид ба варзишгарони маъруф ва комёбиҳои онҳо, тамошои аҳлонаи мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши расмҳо дар хусуси варзиш ва лаҳзаҳо аз сабқатҳо, вохӯрӣ бо варзишгарони номвар, тавсияи мутолиаи китобҳои шавқовару ранга оид ба варзиш, таърихи варзиш ва варзишгарони муваффақ, саёҳат ба варзишгоҳҳо… Ташкил намудани машқҳои варзишии субҳона низ як омили муҳими ҷалби шогирдон ба варзиш мебошад. Ҳамчунин, байни шогирдон ва синфҳо баргузор кардани мусобиқаҳо оид ба шашкаю шоҳмот, давидан, шиноварӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ… дорои аҳамияти махсусест. Ба шогирдон бояд ҳатман дар бораи таърихи варзиши миллӣ ва намудҳои варзиши миллӣ маълумот дод. Бо хонандагон он гуна суҳбате бояд биорост, ки онҳо ба ботил будани фаҳмиши баъзан талқиншавандаи танҳо хоси мардон (писарбачаҳо ) будани варзиш бовар кунанд. Аз ин лиҳоз нақл дар бораи корномаи варзишгарбонувони тоҷик хеле муассир хоҳад буд. Ҳамкорӣ бо волидон низ дар обутоби ҷисмонии наврасон ва афзудани ҳусни таваҷҷуҳи онҳо ба варзиш омили муҳиммест.
Ҳар рӯз чанд дақиқаи дарси аввалро ба шарҳи навигариҳои соҳаи варзиш бахшидан низ манфиатбахш аст ва барои ин беҳтар аст, ки ҳар рӯз як хонанда масъул эълон шавад. Омӯзгорони варзида дар заминаи таҷрибаи худ кайҳо бар он ақида расидаанд, ки мунтазам ба варзиш машғул шудани хонанда як омили басо муҳими муваффақ будани ӯ дар омӯзиши ҳамаи фанҳост.
Воқеан, хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ низ китобу дастурҳои методӣ – таълимӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ рӯи даст доранд ва ҳамчунин, таълимгоҳҳои мо бо ашёи варзишию майдончаҳои варзишӣ ба қадри кофӣ таъминанд.
Манзура Аҳмадҷонова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр