Субҳи сешанбеи ҳафтаи гузашта ба сӯи коргоҳам – Ҷамоати деҳоти Урметан шитоб доштам. Мардум гурӯҳ – гурӯҳ ҷонибе мерафтанду нишони мотам доштанд. Хавотир шудам. Аз мошин фуромадам ва ҳол пурсидам. Посух доданд, ки устод Сайфулло Абдуллоев аз олам даргузаштаанд. Бо мардум пайвастам ва шарики ғами пайвандону дӯстони устоди худ шудам…
Ман аз устод сабақ гирифтаам. Он кас аз забони англисӣ ба мо дарс мегуфтанд. Дарсашон ҳамеша рангину ҷолиб мегузашт. Устод ҳамеша таъкид мекарданд, ки хуб донистани забони модарӣ заминаест баҳри омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ. Бале, инро аз таҷриба мегуфтанд устод. Гоҳо вожаҳоро бо се забон ба мо шарҳ медоданд: тоҷикӣ, англисӣ, русӣ. Ҷузвдони алоҳидаи аёният доштанд, ки истифода аз он машғулиятҳои устодро шавқовартар мекард. Хатоҳоро бо хандаи малеҳ ислоҳ мекарданд, озори шогирдонро раво намедиданд ва ҳар дарсашон рӯҳи идона дошт.
Тухми забономӯзиро дар замири дили мо киштанду ба зодгоҳашон рафтанд...
Устод шогирдони зиёдеро ба камол расониданд. Аксари омӯзгороне, ки имрӯз дар мактаби деҳа дарс медиҳанд, шогирдони Сайфулло Абдуллоев мебошанд.
Шодмон Ҳакимов,
сармутахассиси дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр