Дар рӯзҳои ид кумаку хайрия расондан ба муассисаҳои таълимӣ аз фазилатҳои беҳтарини инсонӣ маҳсуб меёбад. Ҷамъияти матлуботи ВМКБ (раисаш Гулрух Шоҳикатаев) ба мактаб-интернати рақами 7 - и деҳаи Бошгумбази ноҳияи Мурғоб ҳар сари чанд вақт ёрии молию моддӣ мерасонад. Аз ҷумла, дар иди Соли нав барои таълимгоҳ шиша барои тиреза, батареяи офтобӣ, маводи ғизоию таълимӣ, шириниҳо барои тарбиятгирандагони мактаб - интернат расонда шуд. Умуман, аз тарафи ҷамъияти матлуботи номбурда дар соли 2017 ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гардидааст.
Ҷ.ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр