Соли равон яке аз фолклоршиносони варзидаи тоҷик, номзади илми филологӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Сангин Норматов ба синни мубораки 90 расиданд.
Сангини наврас баъди таҳсил дар мактаби 7-солаи рақами 6-уми шаҳри Хуҷанд курси рабфакро низ хатм карда, дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил менамуд. Соли 1944 ба зодгоҳ баргашта, чанде дар мактабҳои ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон фаъолияти омӯзгорӣ мебарад. Ба ҷавонӣ нигоҳ накарда, худро тавонист чун педагоги моҳир, ташкилотчӣ нишон диҳад. Дар ин ҷода ҳамеша аз устодони бузургаш меомӯхт ва маслиҳат мегирифт. Муддати зиёд нагузашта, ҳамчун омӯзгори соҳибтадбир шинохта ҳам шуд. Соли 1956 бо яке аз фолклоршиносони маъруф, академик, шодравон Раҷаб Амонов, ки бо экспедитсияи фолклорӣ ба минтақа омада буд, шинос мешавад. Дар ҷамъоварии эҷодиёти даҳанакии халқ дар деҳаҳои ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара кумак менамояд. Ин шиносоию ҳамкорӣ дар тақдири минбаъдааш нақши муҳим мегузорад.
Раҷаб Амонов дар шахсияти Сангин Норматов ҷавони болаёқат, соҳибмаърифат ва ташкилотчиро мебинад. Худи ҳамон сол баъди баргаштан Раҷаб Амонов Сангин Норматовро ба кор ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ даъват мекунад. Дар ҳамин муассиса минбаъд Сангин Норматов аз лаборант сар карда, роҳи пурпечутоби илмро то ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи Энсиклопедияи Советии тоҷик тай менамояд. Дар пажӯҳишгоҳ бо сарварии устод Раҷаб Амонов дар экспедитсияҳои фолклорӣ ҳамеша фаъолияти босамар дошт. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Ғончӣ, Ӯротеппа, Хуҷанд, Данғара, Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), Кӯлоб аз гӯяндагон маводи фаровон ҷамъоварӣ менамояд.
Соли 1958 дар таркиби Институти забон ва адабиёт бахши фолклор таъсис меёбад. Худи ҳамон сол фонди фолклори тоҷик ташкил мешавад, ки нахустин директори он Сангин Норматов буда, то соли 1961 дар ин вазифа ба пажӯҳиш машғул мешавад.
Он солҳоро ба ёд оварда, Сангин Норматов зикр мекунад, ки ҳамон вақт мо ду нафар будем, устод Раҷаб Амонов ва банда дар ҳайати ҳамин шӯъба амал мекардем. Аввал Зоя Хохомова ва баъдтар Фарруха Зеҳнӣ ба бахши фолклор пазируфта шуданд ва мо 4 нафар шудем.
Солҳои 1961-1963 Сангин Норматов дар қатори нахустин тарҷумонҳои тоҷик, аз қабили Бозор Собир, Мансур Бобохонов, С.Фатҳуллоев, Д.Обидов, Ҳикмат Раҳматов бо сафари хидматӣ ба Афғонистон мераванд.
Баробари ифои вазифаи тарҷумонӣ, баъди кор Сангин Норматов аз гӯяндагони афғон, ки аз ҳама музофотҳои ин мамлакат буданд ва барои мардикорӣ ба Кобул омада буданд, маводи фолклорӣ ҷамъ менамуд. Дар ин маводи фолклории Сангин Норматов ҷамънамуда, ҳама жанрҳои фолклорӣ дида мешавад. Дар байни онҳо 130 афсона, 13 ривоят дар бораи Абӯалӣ ибни Сино, 20 латифа дар бораи Саъдии Шерозӣ, 80 суруди маросимӣ ва ғайримаросимии туркманӣ, ӯзбекӣ, дарӣ, 14 ғазал, 2000 байт, 1800 дубайтӣ ва рубоӣ, 150 чистон, 400 зарбулмасалу мақоли ӯзбекӣ, 3 нақлу ривоят, драмаи халқӣ, 3 суруди ғарибӣ, 4 маросимӣ, 1200 намунаи эҷодиёти шоирони маҳаллӣ маълумот дар бораи мавқеи эпоси «Гурӯғлӣ» дар ҳаёти маънавии халқҳои Афғонистон ва порчаи эпоси «Гурӯғлӣ» иборат аз 2000 мисраъ маҳфузанд. Дар тадқиқоти худ Сангин Норматов кӯшидааст, оид ба ҳамаи ин жанрҳо изҳори ақида карда, мавқеи онҳоро дар ҳаёти халқи Афғонистон муайян намояд.
Нигоштаҳои Сангин Норматов оид ба чистонҳо, рубоиҳо, дубайтиҳо ҷолиби диққатанд. Аз гуфтаҳои Сангин Норматов маълум мешавад, ки рубоиҳо дар Афғонистон асосан бо номҳои «Гулҳои кӯҳӣ», «Санггардӣ», «Кӯдаки фалакӣ» маъмуланд.
Пас аз баргаштан аз сафари хидматӣ аз Афғонистон Сангин Норматов ҷиддан ба таҳқиқи фолклори тоҷикони Афғонистон машғул шуда, дар матбуоти даврӣ пай дар пай мақолаҳои илмии худро доир ба фолклори тоҷикони Афғонистон чоп менамоянд. Чун олими пухтакор ба ҳимояи рисолаи илмӣ шитоб намекунад. Ҳарчанд қарори Шӯрои илмии кафедраи фолклори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо ҳанӯз соли 1970 доир ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Очерки фолклори даризабонони Афғонистон» дастрас шуда буд. Сангин Норматов рисолаи номзадиро ҳанӯз солҳои 1966-1967 омода намуда буд.
Рӯзи 16 июли соли 1972 аз комиссияи олии аттестатсионӣ ба номи Сангин Норматов ҷавоби мусбӣ омад.
Хизмати Сангин Норматов дар илми фолклоршиносии тоҷик ҳамчун яке аз аввалин пажӯҳишгарон хеле шоиста мебошад. Дар омӯзиши эҷодиёти мардумӣ ин гавҳаршинос дар паҳлуи бо ибораи худашон «Падари фолклоршиносии тоҷик» академик Раҷаб Амонов қарор дошт. Дар мактубашон ба Сангин Норматов устод Раҷаб Амонов (16.01.1961) менависанд: «Эътиқоди ман ба шумо аз аввал хеле баланд буд. Ва ҳеҷ гоҳ суст нашудааст. Мо ҳар ду бо иштирок ва ёрии ҳаматарафаи шумо кори фолклоршиносии тоҷикро хеле пеш бурдем, мо ҳар ду дар ин соҳа бисёр корҳо кардем. Агар ман ягон вақт ба кори шумо танқидона нигоҳ карда бошам, инро танҳо аз рӯи дӯстӣ, бо мақсади беҳтар шудани кори шумо карда будам, ман аз рӯи вазифаам, аз рӯи муносибат ба шумо ин корро карданам лозим буд. Саломатии шумо нафақат барои сектори мо, умуман, барои халқи мо лозим аст».
Ҳоло Сангин Норматов дар иҳотаи фарзандон, набераву абераҳо давлати пирӣ меронад, шукри истиқлоли Ватан, шук-ри ободии кишвар мекунад. Рӯзгоронаш бардавом бод!
Муслима Раҳимова,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон,
Юсуфҷон НОРМАТОВ,
Аълочии тандурустии Тоҷикистон,
Нуъмон Раҷабзода,
узви ИЖТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр