Ростӣ, зиндагӣ ба ман сахтиҳои зиёд дод: хоҳарамро гирифт, аз падар маҳрумам кард. Дарди сахттар, ки маро ниҳоят рӯҳафтода кард, марги апаам Тобонбӣ Исмоилова буд.
Апаам, ки барои ҳамаи мо ҳаққи устодӣ дошт, соли 1977 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бомуваффақият хатм кард. Ӯро ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба кор даъват карданд. Дар ин муассиса ба ҳайси омӯзгори педагогика ва психология дар курсҳои гуногун дарс мегуфт. Дар ин муддат Тобонбӣ Исмоилова тавонист бо зеҳни гиро, кордонӣ, муносибати хуб ва тамкину меҳнатдӯстияш дар байни омӯзгорону устодон ва донишҷӯён обрӯю эътибор пайдо кунад.
Соли 2000 Тобонбӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб ба кор гузашт. Гӯё дар ин ҷо шогирдон интизории ӯро доштанд. Хонандагонро барои иштирок дар тамоми чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ омода мекард ва аз комёбиҳои онҳо лаззат мебурду аз пешаи интихобкардааш меболид. Дар давоми фаъолият Тобонбӣ Исмоилова даҳҳо шогирдонро тарбия кардаву ба воя расонд, имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Хислати аҷибе дошт муаллима; дар ҳар синфе бо лафзи ширину муҳаббати модарона ҳарф мезад ва ба дили шогирдон зуд роҳ меёфт. Онҳо муаллимаро гӯш мекарданду аз ӯ сабақи илму ҳаёт мегирифтанд. Т. Исмоилова дар мактаб аз фанни билогия дарс медод. 8 сол дар мактаб роҳбарии иттиҳодияи фанҳои химия – биологияро ба уҳда дошт. Дар тамоми чорабиниву корҳои тарбиявии муассисаи таълимӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намуда, шарафи мактабу шаҳри худро ҳимоя мекард.
Соли 2007 ӯ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуд.
Муаллима ҳаётро бо тамоми зебоияш дӯст медошт, зебоии ҳаётро дар зебоиҳои табиат медид. Дастони гулпарваре дошт, бо гулҳои парваридааш роз мегуфт. Рози онро, ки минбаъд чӣ нақшаҳо дорад. Аммо… марги бармаҳал ба Тобонбӣ имкон надод, корҳои нотамомашро ба анҷом расонад. Фарзандонаш Шукронаю Амирҷон ва Аминҷон бо чашмони ашколуд модарашонро мекобанд, аз дидагони онҳо ин маъниро метавон хонд: «Модарҷон, эй фариштаи заминӣ, шумо моро ба ноз парваридеду хонондед, соҳибилм кардед, акнун куҷо рафтед? Шояд он ашкҳое, ки дар дами марг аз чашмонатон ба рухсораҳои зебоятон рехта буданд, ҷавоби саволҳои мо буданд».
Бале, ашкҳоят чӣ маънӣ доштанд, барои мо маълум буд: фикри фарзандонатро мекардӣ, ки ҳанӯз тӯйи хонадоршавияшонро нагузаронда буданд, фикри модари пиратро мекардӣ, ки оё таҳаммул кардани дарди дигар магар осон аст, ки ҳамагӣ даҳ рӯз пеш фарзанди калонияш – Ниҳолбиро ба хок супурда буд...
Ёдат ба хайр, устод ва апаҷони азизам!
Фотима ИСМОИЛОВА,
омӯзгори мактаби №8-и
шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр