Хонандагони мактабҳо – шогирдони мо ҳамарӯза дар хонаю кӯчаю таълимгоҳ ба ҳодисаҳои гуногун вомехӯранд, шоҳиди гуфтушуниду ахбори зиёд мешаванд ва баъзе калимаю ибораҳоеро мешунаванд, ки барояшон бегона ё нофаҳмоянд.
Барои ин онҳо рӯ ба омӯзгори худ меоранд ва баъзан дар вақти дарсҳо аз ин хусус суолҳо пеш мегузоранд. Омӯзгорон бояд ба ҳар як пурсиши шогирдон саривақт, фаҳмою саҳеҳ ва бо далелҳо посух гӯянд. Омӯзгор мувофиқи салоҳдиди худ ҷавоб ба суоли хонандаро дарзамон мегӯяд ё ба ягон лаҳзаи дигари дарс мавқуф мегузорад ё вобаста ба он дарси илова ташкил мекунад ва ё пас аз дарс чанд дақиқа вақти илова сарф менамояд. Чанде пеш хонандае ба ман суол кард, ки волонтёр чӣ маънӣ дорад. Дарк кардам, ки ин калимаро шогирдам аз кӯча ё радиою телевизион шунидааст ва ё дар нашрия хондааст ва ба ёд овардам, ки чанде пеш дар ҷумҳуриамон Рӯзи волонтёрон қайд шуда буд. Ба шогирдам ҷавоб додам, ки бисёр хуб кардӣ, ки ба ин калима таваҷҷуҳ намудӣ. Аз ин хусус аҳли синф бояд маълумоти кофӣ дошта бошанд. Ин калима фаронсавӣ буда, маънояш фидоӣ, аскари ихтиёрист. Яъне, волонтёрӣ ба таври ихтиёрӣ, дар асосҳои ҷамъиятӣ, бидуни музду миннате иҷро кардани амалест. Волонтёрон ба корҳои хайру савоб даст мезананд, ёвари аҳли ҷомеаанд. Чунонки сарчашмаҳо зикр мекунанд, ҳаракати волонтёрӣ нахуст дар Ғарб рушд ёфтаву тадриҷан дар тамоми ҷаҳон доман густурдааст. Чун ин гуна ҳаракати башардӯстонаву хайрхоҳона маъмулу машҳур гашт, соли 1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5-уми декабрро дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон эълон намуд. Ин ба бештар ривоҷ ёфтани ҳаракати волонтёрӣ дар саросари дунё мусоидат кард. Дар Тоҷикистон ҳаракати волонтёрӣ расман аз соли 2000-ум ба қайд гирифта шудааст. Соли 2013 бо ибтикори Пешвои миллатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» таҳия ва қабул гардид. Таъсиси Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон ба вусъат ёфтани амалиёти хайрхоҳиву мададгорӣ дар саросари кишвар мусоидат кард. Ҳарчанд ҳаракати волонтёриро дар давлати мо падидаи нав мегӯянд, вале аслан чунин нест. Тоҷикон аз аҳдҳои қадим дар накукорию хайрхоҳию мададгорӣ машҳур буданд. Ба ҳамдигар ёрӣ расонидан, дасти ҳам гирифтан аз фазилатҳои аҷдодии онҳост. Бисёр корҳоро тоҷикон ба тариқи ҳашар, яъне, аҳлонаю бемузд иҷро мекарданд. Волонтёрон дар Тоҷикистон дар ободонии кӯчаю хиёбонҳо, ташкили амалиёти хайриявӣ, назорати тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои гуногун ва монанди инҳо нақши сазовор доранд. Бисёр хуш аст, ки дар мамлакат сафи волонтёрон сол то сол меафзояд. Бовар дорам, ки шумо, шогирдони азиз ҳам дар оянда ба сафи волонтёрон пайваста, дар накукорӣ ва ободонӣ саҳмгузор мешавед. Хонандагон қаноатманд буданд, ки боз ба як саволи худ аз устодашон ҷавоби қаноатбахш дарёфтанд.
Фирӯза Толибова,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр