Дар синфҳои поёнӣ баргузории соатҳои тарбиявӣ бояд ҳадафи барҷастаи ахлоқӣ дошта, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ормонҳои миллӣ, гуманистӣ ва эҳсоси зебоипарастию ҳурмати калонсолону пирон ва амсоли ин тарбия намудани хонандагонро фаро бигирад.
Дар ин синфҳо омӯзиши мавзӯъҳое, чун адаби нек, дар баёни ҳурмати падару модар, шарму ҳаё, одоби меҳмондорӣ, қоидаҳои салому алек, одоби таомхӯрӣ, фарҳанги мутолиа, китоб - дӯсти мо, таҳсил ва илмомӯзӣ ва ғайра хеле ба маврид ва ба синну соли хонандагони ин зинаи таҳсил созгор мебошад. Аз ҷумла, ҳангоми роҳандозии мавзӯи «Ахлоқи неку аз ҳурмату эҳтироми падару модар сарчашма мегирад» дар синфи сеюм ман ҳамроҳи шогирдон пас аз тавсифу баёни қоидаҳои одоби неку, ба вижа, ҳурмати падару модар бо қироату тафсири ҳикояту ривоятҳои ҷудогона мавзӯъро тавзеҳу ташреҳ бахшида, нуқтаҳои асосии тарбиявии онро натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ мекунам. Ҳамчунин, суханони ҳикматомези бузургони аҳли илму адабро мисол меорам, ки тақвиятбахши ғояи қадрдонии волидон мебошад.
Дар китоби «Чаҳор китоб» Фаридаддини Аттор чи хуб гуфта:
Ҳар кӣ бо модар-падар эҳсон
кунад,
Кори боғу ҷаннату ризвон
кунад.
Аз ин рӯ, панд медиҳам ба шогирдон, ки падару модари худро дӯст доред, доимо дар хизмати онҳо, ки гавҳари ноёбанд, омодаву тайёр бошед. Қарзи фарзандии шумо ин аст, ки бе ризояти волидон кореро анҷом надиҳед. Бо падару модар ва умуман, калонсолон боэҳтиромона ва хеле боэҳтиёт сухан бояд гуфт. Воқеан, шарафу обрӯи оила ва падару модар аз фарзанди хушахлоқу накукирдор вобаста мебошад. Оилаҳои хушбахт он оилаҳое ба шумор мераванд, ки дар онҳо ба восилаи тарбияи хуби падару модар фарзандони дорои ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расидаанд. Агар касе хоҳад, ки аз умр бархӯрдор бошаду баракат ёбад, пеш аз ҳама, дили падару модарро хурсанд намояд, то онҳо аз дилу ҷон аз фарзанд розӣ бошанд. Шоири бузург Эраҷ Мирзо дар ин бора фармудааст:
Бо модари хеш меҳрубон
бош,
Омодаи хидматаш ба ҷон
бош.
Дар ҷамъбасти дарс муҳтавои мавзӯи баррасишударо хулоса карда, ба хонандагон мефаҳмонам, ки ҳамеша дар хидмати падару модар қарор дошта бошанд, зеро аз қавли бузурге, «ба олам аз ҳама болост модар, чароғи зиндагии мост модар!»
Зуфнон ЗИЁЕВА,
омӯзгори мактаби №69,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр