Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзгор» - ёвару роҳбари мо

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Омӯзгор дар паҳнои таълиму тарбия  имконоти зиёде дар ихтиёр дорад. Ӯ метавонад барои ҳар чӣ бештар муҳтавоманду  судовару таъсирбахш шудани машғулиятҳояш бо шогирдон  аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла, аз аёниятҳо, сурату нақшаҳо, воситаҳои техникии  таълим, дастуру китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва монанди инҳо ба таври  васеъ ва мавридшиносона истифода намояд.

Ман дар ҷараёни фаъолияти омӯзгориям дар қатори воситаҳои мазкур аз ҳафтаномаи «Омӯзгор» баҳрабардорӣ менамоям. Истифодаам аз ин нашрия ба ду тариқ сурат мегирад. Якум, худ мунтазам хабару мақолаву гузоришҳои  нашрияро  мутолиа  намуда, дарси ибрат  мепазирам, ба андеша меравам ва як навъ такмили ихтисос мекунам. Махсусан, мақолаҳои методие, ки дар «Омӯзгор» пайваста ба табъ мерасанд, барои мо, омӯзгорон, хеле  судманданд. Нашрия ба ин васила байни  аҳли таълиму тарбия табодули афкору таҷрибаро роҳандозӣ менамояд.

Метавон гуфт, ки «Омӯзгор» тавассути мақолаҳои методӣ ва навиштаҳои дигараш зери рубрикаҳои  «Аз таҷриба», «Андеша», «Мулоҳиза», «Ба фикри ман»… ба васеътар шудани дораи донишҳои омӯзгорон  мусоидат мекунад. Ман дар ҷувзгирҳои зиёде вобаста ба мавзӯъҳои гуногун дар давоми  солҳои  бардавом буридаҳоеро аз ҳафтаномаи «Омӯзгор» гирд овардаам ва дар зарурату дар вақтҳои  холиам онҳоро батакрор варақгардон ва мутолиа мекунам.

Дуюм, баъзе аз хабару мақолаҳои  нашрияро бо хонандагон  дар лаҳзаҳои  мувофиқи  дарс мутолиа ва муҳокима мекунам. Масалан, дар давоми чоряки дуюми соли  таҳсили  равон ман чанде аз навиштаҳои нашрияро, ки ба мавзӯи  бунёди НБО-и Роғун бахшида шуда буданд, бо хонандагон якҷоя мутолиа намудам. Ба воситаи  ин мақолаҳо шогирдонам дар бораи  ин иншооти муҳиму  муқтадири аср маълумоти фаровон ва ҷолиб ба даст оварданд. Ҳатто дар истифода аз  муҳтавои мақолаҳои  мазкур байни хонандагон викторина ташкил намудам.

Дар лаҳзаҳои «Ахбори навин»-и дарсҳоям (дар оғози машғулиятҳо, 2-3 дақиқа) низ аз маълумоти  тозаи «Омӯзгор» истифода мебарам. (Масалан, оид ба  сафарҳои Пешвои миллат, ифтитоҳи  маактабҳои нав, рӯйдодҳои нишотбахши  соҳаи маориф). Шеъру ҳикояҳое, ки  дар нашрия чоп мешаванд, аксаран барои хонандагон низ мувофиқу завқбахшанд.

Мехоҳам, ки минбаъд дар саҳифаҳои  нашрияи маҳбуби мо дар қатори  мақолаҳои  методӣ  шеъру ҳикояҳо ва ҳикматномаҳо бештар ба табъ расанд.

 

Заррагул МАҲМАДМУРОДОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш