Омӯзгор шахси шарафмандтарин ва ифтихори ҷомеа аст. Ӯ ба муҳимтарин кор – тарбияи насли наврас, насли ободгари фардои миллатро ба воя мерасонад. Аҳли ҷомеа ба омӯзгор эътимодманданд ва ба ӯ чун ба раҳнамою мададгори маънавии хеш муносибат менамоянд.
Омӯзгор бояд сазовори ин ҳама эътимоду боварӣ бошаду амал бикунад. Барои ин ӯ бояд дорои хислатҳои нек ва инсони комил, соҳибмаърифату хирадоин бошад. Фаъолияти асосии омӯзгор, албатта, таълиму тарбия аст. Барои ҳамеша сазовору шоистаи ин рисолати олӣ будан ӯро, аз ҷумла, мебояд, ки пайваста биомӯзад, дониш, маҳорату малакаи худро такмил бубахшад.
Худомӯзӣ бояд аз умдатарин хислатҳои омӯзгор ва кори доимии ӯ бошад. Мақолест машҳур, ки «Омӯхтан ба муқобили дарё шино кардан аст, агар як лаҳза аз шино бозмонӣ, дарё туро фарсахҳо дур меандозад». Худомӯзии омӯзгор ба бештар муҳтавоманду пурсамар гаштани машғулиятҳояш бо шогирдон мусоидат мекунад. Пеш аз ҳама, омӯзиши пайвастаи омӯзгор дар ду самт муҳим аст: методика ва сиёсат. Маълум, ки таълиму тарбия василаи шахшуда, якрангу қолабӣ нест. Бо мурури замон методҳои нав, фаҳмишҳои нав ва воситаҳои нав пайдо мешаванд ва омӯзгор бояд саривақт аз онҳо огаҳӣ пайдо намояд. Чун анъана аҳли таълиму тарбия дар ҳар панҷ сол як маротиба дар курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва шуъбаҳои он таҳсил менамоянд. Ин хуб аст, вале худомӯзии омӯзгор бояд ҳар рӯз сурат бигирад. Худомӯзӣ ба василаи мутолиаи асарҳои илмию методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиою телевизион ва мушоҳидаи дарсҳои ҳамкорон, иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои гуногун ва амсоли инҳо сурат меёбад.
Масалан, аз мутолиаи пайвастаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор»-у «Маорифи Тоҷикистон» омӯзгор сатҳи донишҳои илмию методии худро боз ҳам баланд мебардораду аз навгониҳои соҳа низ саривақт огаҳӣ дармеёбад. Ҳамкорӣ бо ин нашрияҳо як омили муҳими худомӯзию такмили ихтисоси омӯзгорон аст.
Омӯзиши сиёсии омӯзгор низ муҳим арзёбӣ мешавад, зеро омӯзгор ҳамчун шахси пешқадами замон, раҳнамои маънавии аҳли ҷомеа ҳатман бояд ба вазъи замон, рӯйдодҳои муҳим дар мамлакатҳои ҷаҳон, авзои рӯз мунтазам огаҳӣ дошта бошад. Мардум сари ҳар гуна масоили сиёсӣ, фаҳми дақиқи моҳияти ҳодисаву воқеаҳо ва гиреҳкушоии муаммоҳои гуногуни сиёсӣ бо ихлосу боварӣ рӯй ба омӯзгор меоваранд, ба сухани ӯ эътиқодманданд.
Фурӯғу шукӯҳи ҷомеаи мо аз омӯзгор аст ва барҳақ фармудаанд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Парчамо Талабова,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр