Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъбасти сол – дарси муҳим

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ин дарс  (дар шакли  соати тарбиявӣ) ба муҳимтарин ҳодисаю  воқеаҳои  сол дар кишвар бахшида мешавад. Мо дар анҷоми сол гӯё аз болои  қуллае ба поён менигарем ва мебиннем, ки он ҷо чӣ манзараест. Соли 2018 низ барои аҳли ҷумҳурии  мо соли пурбаракат, пур аз ҳодисаву рухдодҳои  нишотбахш буд ва ин ба боз ҳам  ободу зеботар  гаштани  кишварамон мусоидат кард. Муҳимтарин рӯйдодҳо, навгониҳо, санаҳои таърихии соли 2018, ки  ман  бо шогирдонам  дар дарси  мазкур перомуни онҳо гуфтугӯву саволу ҷавоб ва ибрози назар  кардем, инҳо буданд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (22.12.2017), ки барномаи фаъолияти ҳар як фарди мамлакат дар давоми сол  гардид ва  муҳимтарин самтҳову ҷабҳаҳои ҳаёти ҷумҳуриро барои соли 2018 муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз тарафи  аҳли ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аҳли маориф хеле самимона, бо рӯҳбаландӣ  пазируфта шуд.

Соли 2018 оғози Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид. Ин тадбири муҳими сатҳи  байналмилалӣ, ки  алоқаманд ба ташаббусу иқдоми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба боз ҳам  боло рафтани обрӯю эътибори  мамлакати мо  дар арсаи ҷаҳон  мусоидат кард. Вобаста ба барномаи ин даҳсола дар кишварамон чорабиниҳои зиёде баргузор  карда шуданд ва онҳо боз ҳам идома  доранд.

Соли 2018 дар кишвари мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон гардид ва вобаста ба ин иқдом дар Ватанамон чорабиниҳои гуногун баргузор шуданд.

Яке аз ҳодисаҳои муҳим дар оғози соли 2018 эҳёи  муносибатҳои  дӯстона ва барои  тарафҳо судманди ҷумҳуриҳои ҳамҷавору ҳамтаъриху ҳамдину ҳамфарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. Сафари Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон марҳилаи тозаву  муҳимеро  дар муносибатҳои ҳамидаи ин ду кишвари ҳамсоя ифтитоҳ бахшиданд. Ин ҳодисаи  гуворо бори дигар собит сохт, ки  тоҷикону ӯзбекон халқҳои  хушниҳоду некамаланд ва ҳамеша ба дӯстию рафоқат, ҳамдилию ҳамкорӣ арҷ мегузоранд.

Албатта, барҷастатарин воқеа дар ин сол  ба кор оғоз кардани  чархаи  аввали НБО-и Роғун буд. Онро метавон ҳатто ҳодисаи аср номид. Роғун,  чунонки Пешвои миллат иброз доштанд, марҳилаи тамоман тозаеро дар ҳаёти Тоҷикистон оғоз бахшид ва ба манбаи нур дар тамоми Шарқ табдил ёфт. Дар бунёди Неругоҳи Роғун дасти дӯстӣ ва ҳамдилию ҳамкорӣ боло буд.

Дар соли 2018 даҳҳо иншооти  нав бунёд шуданд, коргоҳҳои муқтадир ба кор оғоз карданд, роҳҳои аълосифати дохилӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, пойтахти мамлакат аз ҳисоби бунёди биноҳои баландошёна, боғу бӯстонҳои тароватбахшу зебо, майдончаҳои варзишӣ ва амсоли инҳо ҳусн афзуд, сатҳи зиндагӣ  ва некуаҳволии  мардум боло рафт ва шуҳрати ҷаҳонии кишвар  боз ҳам  бештар шуд.

Дар ин сол санаҳои  муҳими  таърихӣ ва ҷашнвораҳои  миллӣ дар сатҳи  баланд таҷлил гардиданд ва дар ҳамаи чорабиниҳои  тантанавии  ҷумҳурӣ аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён фаъолона иштирок доштанд.

Ин ҳама ҳодисаву воқеаҳои фараҳбахш дар дарси тарбиявӣ бахшида ба ҷамъбасти  сол мавзӯи асосии  суҳбат қарор мегиранд. Ин гуна дарси тарбиявӣ, пеш аз ҳама, ба васеътар  шудани  доираи  донишҳои  хонандагон ва тақвияти ҳисси ватандӯстию ватанпарварии онҳо мусоидат  мекунанд.

Паттиой БЕРДИЕВА,

омӯзгори мактаби №52-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш