Нашрияи Омӯзгор

«Гулистон» баҳори бехазон аст

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Китобҳои бадеие ҳастанд, ки умри ҷовидонӣ доранд ва ба вижа, дар тарбияи  фарзандон нақши барҷаставу муҳим  мегузоранд. «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳамин  гуна  асарҳои безаволанд. Нақше, ки  «Гулистон» дар тарбияи хонандагони  мактабҳо дорад, ростӣ, ба чандин асари  тарбиявӣ баробар аст. Ин китоби ҳикматбор аз аҳди  иншо  шуданаш дар олами форсизабонон ҳамчун китоби дарсӣ  дар кулли  таълимгоҳҳо мавриди  омӯзиш қарор дошт ва баъдтар  дар Аврупо низ ҳамин рисолатро пайдо кард.

Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки  «Гулистон» хазинаи  ҳикмат аст, дарси  бузурги  одамгарист. Ин китоби  зиндагиомӯз, ҳамчунин, намунаи  беҳтарини  насри бадеии аҷдоди мо шинохта шудааст ва  хонанда, ҳар боре ки  онро батакрор мехонад, маънии наве, ҳикмати  тозае, панди  судманде пайдо мекунад ва олами маънавиашро  густариш мебахшад. Дар гузашта иддае  аз толибилмон ин асарро, ҳатто, пурра азёд мекарданд ва тафсирашро  низ медонистанд. Баъзе қитъаҳои «Гулистон» шуҳрати ҷаҳонӣ  дарёфтаву ба шиори раҳнамо табдил ёфтаанд, чун қитъаи зер:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Саъдии Шерозӣ «Гулистон»-ро ба ҳашт боб қисмат карда, ҳар боберо  ба муҳимтарин масоил, чун сурату сират, ахлоқу фазилат, ишқ ва ҷавонӣ, қадри сухан, тарбияту одоб… бахшидааст. Ҳикмати «Гулистон» он қадар воқеию рехтаву самимист, ки дар ҳар мавриде барои  дифои ростию ҳақиқат ва ҳама гуна омоли  нек аз он метавон васеъ истифода кард. Бисёр ҳикматҳои «Гулистон» имрӯз ба панду ҳикмати мардумӣ табдил ёфтаанду зимни суҳбату суханрониҳо пайваста садо медиҳанд. Чанд далел: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол», «Хонаи дӯстон бирӯбу дари душманон макӯб», «Ҷаври  устод беҳ аз меҳри падар», «Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр баҳри гирд овардани мол»…

«Гулистон» баҳори бехазон аст. Имрӯз ҳам омӯзгорон дар тамоми синфҳо дар мавридҳои  зарурӣ дар таълиму тарбияи насли наврас аз ин шоҳасар истифода мебаранд, онро меомӯзанду варақ мезананд. Бисёр хуб аст, китоби «Гулистон» дар замони мо  низ борҳо чоп шудаву дастраси ҳамагон гаштааст. Аз силсилаи  «Китобхонаи мактаб» низ ба нашр расидани он айни муддаост.

 

Вилоят НУРМАТОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш