Хонавода як рукни асосии ҷомеа ба шумор меравад. Пойдории ҳар як хонавода ба муносибати байни ҳамаи аъзои он хонавода, бахусус, падару модар вобастагӣ дорад.
Муносибати хуб ва эҳтироми тарафайн байни волидайн замина барои тарбияи фарзандон ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷост, ки падару модар бояд байни худ ва бо фарзандонашон робитаи хуби хонаводагӣ дошта бошанд. Муҳити хонавода дар рушди кӯдакон нақши асосӣ дорад,зеро кӯдак нахустин бор дар ин муҳит бо дунёи беруна шинос мешавад ва аз атрофиёни худ неку бадро ёд мегирад.
Падару модар аввалин мураббиёне ҳастанд, ки бо фарзандон иртибот барқарор мекунанд ва ин иртибот бояд устувор бошад, то ин ки фарзандон низ дар зиндагиашон гомҳои мустаҳкаме бардоранд ва дар оянда ба мақому мартабаҳои баланд бирасанд.
Падару модар барои босавод шудани фарзандон масъулияти ҷиддӣ доранд. Бояд талош намоянд, ки фарзандон то ба мактаб рафтанашон аз неъмати бебаҳои хондан ва навиштан бархӯрдор бошанд. Ҳарчанд омӯзиши илму дониши кӯдакон дар мактабҳо сурат мегирад, вале фарзанд ҳамеша ба муҳаббат ва дилсӯзии падару модар ниёз дорад. Ҳамкории оила ва мактаб ва назорати волидайн дар омӯзиши кӯдакон таъсири калон дорад.
Падару модарро лозим аст, ки бо фарзандонашон дӯст ва ҳамроз бошанд, то ин ки фарзандонашон сари ҳар масъала тавонанд озодона бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд. Рафтори ноҷои волидайн ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ расонида, боиси ба роҳи бад рафтани онҳо мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як рафтори волидайн бояд барои фарзанд намунаи ибрат бошанд, то ки ӯ дар оянда роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда тавонанд.
Бояд зикр намуд, ки бунёди ҷомеаи солим яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон ба шумор меравад ва дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин замина соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расидааст.
Ҳар як падару модар вазифадоранд, ки дар асоси нишондодҳои ин қонун амал намуда, дар таълиму тарбияи фарзанд саҳми босазо гузоранд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
Латофат АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгори забони русии
мактаби № 83, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр