Маъмулан, пайравӣ ва мутобиқ намудани самти роҳу равиш ва фаъолияти хешро ба касе, чизе, ҷараёну раванде, ки он дар ниҳояти нуқтаи камолот ва бартарист, идеал мегӯянд. Мурод ва мақсади аслии ин тақлиду пайравӣ муваффақ шудан дар коре ё расидан ба азму нияте мебошад.
Идеал дар заминаи пайдоиши худ метавонад пешқадам ё иртиҷоию ифротӣ ҳам бошад. Идеали пешқадам барои пеш бурдани тафаккури ҷамъиятӣ ва тараққиёти худи ҷамъият нақши калидӣ дорад. Ба он пайравӣ намудан меваҳои ширин, фатҳу кушоиш ва саодату шодкомӣ меорад. Идеали иртиҷоию ифротӣ, ки баъзан бадгавҳарони бенангу номус кӯр - кӯрона аз пайи он мераванд, дар интиҳо шармандагию ғаму андуҳ, рӯсиёҳию беномусӣ меорад.
Идеалҳои фашистони Германияи гитлерӣ дар нимаи дуюми солҳои сиюми асри бист, аввал, кулли олмониҳоро бо назарфиребии худ бо ҳам муттаҳид намуд. Вале баъди ҳуҷумҳои истилогаронаи онҳо халқи олам аз чеҳраи ҳақиқӣ ва ниятҳои хабисашон огоҳ гардида, ҳама бар зидди онҳо ба по хестанд. Идеалҳои нопоки фашизм дар додгоҳи ҳарбии Нюрнберг ба таври абадӣ маҳкум гардид. Идеалҳои бебунёди аҳриманони Давлати Исломии Ироқу Шом дар олам мавҷи изтиробу норозигӣ ба амал овард. Хоҷагони хунхору думравони шайтонсифати он ба ҷазои амалҳои нопоки худ расиданду боз ҳам расида истодаанд.
Идеал, бешак, раванди тараққиёту тарбия ва инкишофу таҳаввули шахс ва ҷамъиятро метезонад. Аз ин лиҳоз, мавҷудияти он бар салоҳи кор аст. Зеро вай мисли чароғаки бурҷ, ламъаи нур, ситораи қутбнамо, партави хуршед, ҷозибаи нонамоён диққати шахсияту ҷамъиятро ба худ ҷалб месозад.
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракате буд бо номи «Ҳаракати стахановӣ». Ин ҳаракат ҳазорон қаҳрамони ҷабҳаи меҳнатро ба майдон овард. Ин ҳаракат ба номи ангишткани моҳир, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Алексей Григоревич Стаханов марбут аст. Ӯ шаби 30-31-уми августи соли 1935 дар 5 – соату 45 дақиқа 102 тонна ангишт канда, 14 меъёри кориашро иҷро намуд. Рӯзи 19-сентябри ҳамон сол бошад, дар як баст 227 тонна ангишт канда, сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва бунёдгузори «Ҳаракати стахановӣ» гардид.
Пионердухтари 11-солаи тоҷик Мамлакат Наҳангова (6-04-1924) барои зиёдтар пахта чидан сазовори ордени Ленин шуд, ки ин нахустин мукофоти олӣ дар байни пионерони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Қаҳрамонии Александр Матросов, ки дар ҶБВ ба дзоти душман синаи худро сипар намуда буд, дар пай садҳо қаҳрамонон тавлид намуд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, говдӯшзан Суфро Боқиева бо меҳнати ҳалоли худ боиси арзи ҳастӣ намудани ҳазорон занону духтарони меҳнатқарин гардид. Механизаторҳо Дилбарнисо Норматова, Зайтуна Қаландарова, ки бо «киштиҳои кабуд» ҳазорон тонна пахта чида, соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуданд, идеали чандин насли меҳнатқарин гардиданд. Бешак, ҳар ҷавонписарону ҷавондухтарон мехостанд мисли онҳо бошанд.
Биёед, андеша намоем! Ба пионердухтари 11-сола додани ордени Ленин, таблиғи ҳаракати стахановӣ, абадӣ сохтани корнамоии Матросов, таблиғи ғайрату корномаи механизаторҳои пахтачин чӣ ҳикмат дошт? Тараннуму васфи насри Айнӣ, шеъри Турсунзода, лирикаи Лоиқ, достонҳои М.Қаноат чӣ дурнамое дар интиҳо дошт?! Ситоиши ҳунари гурди тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ва Гурдофариди замон - Зебунисо Рустамова чӣ аҳамият дошт?! Ба Сайфиддин ва Сафарбой Соҳибовҳои кулол аз деҳаи Чоркӯҳ додани унвони Рассоми Халқии СССР чӣ зарурат дошт?!
Бешакку муҳобо, ҳамаи инҳо бузургтарин василаи ҳукумати вақт дар тарбияи инсони асил буду халос. Дар партави таблиғи ин корнамоиҳо миллионҳо нафар қаҳрамонону нобиғагон арзи ҳастӣ намуданд. Зеро онҳо идеали ҳақиқии насли наврас гардида буданд.
Пас, чаро аз ин тарзи коргирию корбарӣ сарфи назар менамоем, ё онро нодида мегирем?! Сохтани идеалҳои пешқадаму ба суди кор нигаронидашуда айни вақт аст!
Сохтану эҷоди идеалҳо тақозои замон аст. Таблиғи меҳнати вазнини кӯҳкани кони ангишт, деҳқони саҳро, омӯзгори асил, варзишгари моҳир, оилаи хушбахт, табиби ҳозиқ, говдӯши моҳир, устои чирадаст, механизатор кордон чун об, чун ҳаво, чун нону намак, ки асоси зиндагианд, ногузир аст. Зеро ин таблиғ пайомадҳои нек ва меваҳои ширин дар фарҷом дорад.
Набудани идеалҳои ҳақиқӣ насли ҷавонро дар чорсӯ гузоштааст. Баъзеҳо кӯр-кӯрона майли ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мекунанду баъзеҳо танбалию беномусӣ менамоянд. Барои баъзеи дигар, корчаллону соҳибкорони пулмаст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада, қаср месозаду соҳиби мошини қимматбаҳост, идеал гаштааст.
Тарбияи наслҳо андешаи амиқ, иқдомҳои поку ҷадид, усулҳои обастани дурнамои нек, заҳмату талоши ҳақиқатан ватандӯстона, садоқати ҳақиқатан шаффоф, боварии амиқ ба фардои дурахшон инсофу имони ҳақиқӣ мехоҳад. Зеро танҳо «бо ҳалво гуфтан ком ширин намегардад».
Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,
директори мактаби №25-и
шаҳри Исфара, узви ИЖТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр