Нашрияи Омӯзгор

Методикаи ҳалли масъалаҳо дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

Ҳангоми омӯзиши курси математикаи мактабӣ ҳалли масъалаҳо воситаи муҳими дар хонандагон ҳосил кунонидани  асосҳои дониши математикӣ, ташаккулдиҳандаи маҳорату малакаи онҳо мебошад.

Ба он муваффақ шудан лозим аст, ки хонандагон масъалаҳоро ҳаматарафа омӯхта, маълум ва номаълумҳоро ҷудо кунанд, барқарории муносибати байни элементҳои масъаларо дуруст дарк карда тавонанд. Хонандагон бояд тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳоро ҷустуҷӯ карда, эҷодкории худро нишон диҳанд ва мувофиқашро интихоб кунанд. Одатан масъалаҳо ба гурӯҳҳои стандартӣ ва ғайристандартӣ ҷудо мешаванд, Масъалаҳои стандартӣ роҳу тарзҳои муайяни ҳалкунӣ доранду масъалаҳои ғайристандартӣ бошанд, аз ин роҳҳо маҳруманд, зеро ҳалли онҳо нисбатан душвортар буда, қобилияту маҳорати эҷодиро аз муаллим ва хонандагон талаб мекунанд.

Агар хонанда дарки мантиқии масъаларо нафаҳмад ё онро таҳлил карда натавонад, он гоҳ ҳалли он барои хонанда душвор меафтад. Чунин ҳодисаҳо ҳангоми омӯзиши математика дар мактабҳо бисёр дида мешавад, ки хонанда таҳлили мантиқӣ ва матниро намедонаду эрод мегирад, ки масъала роҳи ҳал надорад. Одатан чунин эродҳо ҳангоми ҳалли машқҳои такрорӣ ё ҳал кардани боби охирини китобҳои дарсӣ, ки «мисолу масъалаҳои ҳаллашон нисбатан душвортар» ном доранд, пайдо мешаванд.

Дар рафти таълим бо намудҳои зерини масъалаҳо дучор шудан мумкин аст:

1. Ададӣ

2. Ҳарфӣ

3. Ҷадвалӣ

4. Тасвирӣ (фиг. геомет-рӣ)

5. Муодилавӣ

6.Нақшавӣ

Ҳамон масъалаҳое, ки шарти он қимати маълуми бузургиҳо нестанд ва ёфтани қимати онҳо талаб карда мешаванд, савол номида мешавад. Агар дар матни масъала қимати маълуми бузургиҳо мавҷуд буда, ёфтани чизе талаб карда шавад, онро масъала меноманд. Вале ин таърифи пурраи мафҳуми масъала шуда наметавонад, зеро масъала бисёрмаъно буда, то ҳол таърифи пурраи стандартии он вуҷуд надорад. Мазмуни масъаларо нигоҳ дошта, онро дар шаклҳои гуногун пешниҳод кардан мумкин аст, ки онҳо модел ё ҷузъҳои масъала ба ҳисоб мераванд. Масалан, шарти масъалаи зеринро дида мебароем.

«Аз рӯи се тарафи додашуда секунҷа созед».

Дар масъалаи додашуда номаълум – фигураи геометрӣ – секунҷа мебошад. Қимати маълум, се порчаи хати рост ба шумор меравад ва онҳо вобастагии байни шарти масъала ва талаботи онро муқаррар менамоянд. Дар ҳалли як масъала шарти он нақши муҳимро мебозад.

1. Агар дарозии порчаҳо ба ҳам баробар набошанд, он гоҳ секунҷаи гуногунтарафро ҳосил кардан мумкин аст.

2. Агар дарозии ду порча ба ҳам баробар бошанд, он гоҳ секунҷаи ҳосилшуда секунҷаи баробарпаҳлӯ ба шумор меравад.

3. Агар ҳар се порчаи додашуда ба ҳам баробар бошанд, он гоҳ секунҷаи баробартарафро ҳосил кардан мумкин аст.

4. Агар дар баробари порчаҳо, новобаста аз дарозияшон, кунҷи рост дода шуда бошад, он гоҳ секунҷаи росткунҷаро низ ҳосил кардан мумкин аст.

Аз таҳлилҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки масъаларо ҳал карда натавонистани хонандагон, аз як тараф кам ҷудо шудани соатҳои дарсӣ барои омӯзонидани ҳалҳои гуногуни масъалаҳо бошад, аз тарафи дигар, дар китобҳои дарсӣ кам будани маводи таълимии масъалаталаб мебошад.

Зуҳро ШариФова,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии гимназияи №1, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш