Нашрияи Омӯзгор

Донишҷӯёни ихтироъкор ва ҷӯянда

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, навоварӣ ва  ҷалби ҷавонон ба ихтироъкорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои муовини ректор оид ба илм ва татбиқот, номзади илми техникӣ Ғафурҷон Ҳакимов, ин сабқат соле  ду маротиба баргузор гардида, ба пешрафти  ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд. Озмун дар се бахш: техника ва технология, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва иқтисодиёт баргузор гардид. Барои иштирок аз 150 нафар донишҷӯён, магистрони донишгоҳ ва шогирдони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди донишгоҳ дархост ворид гардида буд ва аз байни онҳо бештар аз 70 ихтироъ  ҳамчун  лоиҳаи  инноватсионӣ   иҷозат дода шуд. Лоиҳаҳо ба Маркази миллии  патентию  иттилоотии  назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад. Дар натиҷаи мувофиқат кардани лоиҳаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироот ва моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба корҳои пешниҳодгардида  ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ҳадафи дигари ин гуна  озмунҳо татбиқи ихтироот дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба шумор меравад. Бинобар он, лоиҳаҳое, ки ҳуқуқи муаллифиро соҳиб мегарданд, дар комиссияҳои махсуси салоҳиятноки сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ  қарор дода шуда, ба муаллифон санади татбиқӣ дода мешавад.

Дар озмун намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии патенту иттилоот ва ширкати машваратии  «Stap tap stan» иштирок ва суханронӣ карданд.

Ба ғолибони озмун туҳфаҳои арзишманди молию пулӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ супорида шуд.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш