Нашрияи Омӯзгор

Санҷиш ба хотири дониш

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аз фанни математика, ба назари мо,  гузаронидани корҳои мустақилона мебошад.   Кори мустақилона ба мо  имконият медиҳад, ки дараҷаи дониши аҳли синфро аз рӯи барномаҳои омӯхташуда муайян кунем, бо боварии комил ба онҳо баҳо диҳем ва минбаъд барои бартараф намудани хатоҳо ва норасоиҳо чораҷӯӣ намоем, то ки сифати дониш ва маҳорати хонандагон боз ҳам такмил ёбад. Супориш ва машқҳои кори мустақилона мавзӯъҳои барномаи таълимиро дар бар гирифта, мавзӯи нав ва мавзӯъҳои гузаштаро мустаҳкам менамоянд. Ба ин маънӣ, ҳатмӣ донистану риоя кардани ин қисмат дарсро пурбортар мегардонад.

Бо варақчаҳо ташкил кардан ва гузаронидани корҳои мустақилона кори омӯзгорро осон ва дарсро самарабахш ва шавқовар менамояд. Машқҳо ва супоришҳои кори мустақилона фикри хонандагонро инкишоф дода, қобилияти тезҳисобкунии хаттӣ ва даҳонии онҳоро ривоҷ медиҳад, ки ин барои гузаронидани кори санҷишӣ кумак мерасонад.

Баъди санҷидани кори мустақилона ман дар дафтарчаи алоҳида камбудӣ ва душвориҳои кори шогирдонамро қайд намуда, ба ҳисоб мегирам, ки кадом мавзӯъро талабагон нағз аз худ накардаанд. Бо назардошти ин, дар рафти дарси оянда ин камбудиҳоро ислоҳ мекунам. Инчунин, баъди санҷидани кори мустақилона муваффақият ва ғалатҳои хонандагонро нишон медиҳам.

Барои он ки шогирдон дар рафти кори санҷишӣ ба ин ғалатҳо роҳ надиҳанд, бештар аз рӯи ҳамон ғалатҳо кор мебарам. Бояд дар хотир дошт, ки ба кори мустақилона ҷалб кардани шогирдон яке аз воситаҳои асосии тайёрӣ ба кори санҷишӣ мебошад.

 

Мӯнисахон ҶӮРАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии                                          

литсейи инноватсионии «Душанбе»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш