Нашрияи Омӯзгор

Меҳр ба табиат – меҳр ба Ватан аст

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Дар асри мо дар баробари  мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ масъалаи мубрами дигаре инсонҳои дурандешу гуманист ва табиатдӯстро ба изтироб овардааст.

Ин олуда шудани обу ҳаво ва гармшавии иқлим аст. Дар давоми чанд соли охир мо шоҳиди хушксолӣ, камборишӣ ва камобӣ шудем. Дар чунин вазъияти мураккаб омӯзгорон бояд ҳамчун як табақаи равшанфикри ҷомеа дар паи чораҷӯйӣ афтанд. Кӯдакону наврасоне, ки имрӯз толибилманд фардо мутахассис хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, дар тарбияи экологии онҳо саҳлангорӣ кардан ҷоиз нест. Ҳодисаҳои дар табиат ва фаслҳои сол рӯйдиҳанда як сабақи созандаю бузурганд, ки метавонанд шавқи ба табиат доштаи онҳоро зиёдтар кунад. Дарахтон танҳо дар фасли баҳор мешукуфанд, барг меоранд, меваҳо дар тобистону тирамоҳ мепазанд, дарахтон пеш аз фасли сармо баргҳои худро мерезанд. Ин қонуни умумиро тағйир додан ва ё инкор кардан мумкин нест. Хонандагон бояд ин   нуктаро хуб дарк кунанд. Бар хилофи қоидаҳои маъмули табиат рафтор кардан боиси таркиши бузург ва ё ягон ҳодисаҳои нохуши ғайричашмдошт  мегардад. Чанде пеш дар штати Калифорнияи ИМА сӯхтори даҳшатноке сар зада, зиёда аз сӣ ҳазор хонаро сӯзонда, даҳҳо нафарро нобуд кард. Омили сар задани ин сӯхтори даҳшатнок рафтори кӯтоҳандешонаи одамон аст. Масъалаи ҳифзи табиати сайёра аз ҳудуди як минтақа ва ё қитъаҳо баромадааст. Имрӯз вақти он аст, ки мо хурдтарин буттаю гулу гиёҳ ва рӯдхонаю чашмаҳоро эҳтиёт кунем. Оғози як дарёи серобу фоидабахш чашмаю пиряхҳои дар қуллаҳои кӯҳ ҷойдошта аст. Резишгоҳи ин дарё бо ибтидои он пайванди мустаҳкам дорад, чунонки рӯзгори имрӯзаи мо ҳам бо асрҳои пешин гиреҳ хӯрдааст.

Ҳамаи мо дар ҳама ҷо хоҳ - нохоҳ - аз арзиши табиат сухан мегӯем, аз ободии Замин – Модар ифтихор мекунем. Вале сарчашмаи ҳамагуна ободӣ оби ҷонбахш аст. Танҳо аз ин неъмат оқилона ва сарфакорона истифода бурдан мебояд. Мактаби имрӯз бояд дар тарғиби об ва арзиши неъматҳои табиат, ки ҳастии инсон ба онҳо вобаста аст, намунаи ибрат бошад.

Парвина САТТОРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш