Бозӣ барои хонандагони синфҳои поёнӣ ҳам таълим асту ҳам кор ва ҳам василаи рушди тафаккур. Дар ҳар як дарс вобаста ба мавзӯъ асбобҳои аёнӣ ва маводи дидактикиро истифода бурда, пайваста кӯшиш мекунам, ки дар фаъолияти хеш навоварие дошта бошам.
Тазаккур бояд дод, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур барои омӯзгор «Низоми таълими салоҳиятнокӣ» таҳия ва пешкаши омӯзгорони ҷумҳурӣ гардид.
Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд. Низоми таълими салоҳиятнокӣ низомест, ки дар он диққати асосӣ ва ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаёти ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ва намуна барои ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки салоҳиятро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад.
Дар ин замина, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки аз руйи он ба хонандагон аз усули нави таълим дарс гӯям.
Дар ин усули таълим муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибати байни якдигари хонандагонро муайян мекунад. Донистан ва дар амал татбиқ намудани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахси бомаърифат, пурмасъул ва ботарбия замина гузорад. Ҳамеша кӯшиш менамоям, ки аз бозиҳои дедактикӣ, кластерҳо, диаграммаҳо ва бозиҳои гуногуни таълимӣ ба хонандагон дарс гӯям.
Муносибати босалоҳият дар таълим ба мафкура ва инкишофи нутқи хонандагон нақши муҳим дорад.
Маҳбуба САНГИНОВА,
омӯзгори сифҳои ибтидоии мактаби №40,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр