Дар толори муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид. Ҳанифа Валиева-мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 97 хол мақоми аввалро соҳиб гардид.
Озмун аз рӯйи 5 шарт гузаронида шуда, дар он ғолибони ниҳоии озмуни «Мураббияи сол» аз 6 шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд. Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 солаи мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад ва маҳорати худро дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббияи сол», ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намоиш хоҳад дод.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр