Дар асарҳои Қаҳ-рамони Тоҷикистон, нависандаи соҳибном, устод Садриддин Айнӣ паҳлуҳои гуногуни ҳаёту рӯзгори халқи тоҷик тасвир гардидаанд. Аз ҷумла, дар асари машҳури «Ёддоштҳо» асосан давраи наврасӣ ва марҳалаҳои таҳсилу тадриси устод дар мадрасаҳои Бухоро инъикос ёфтааст. Дар асар ба хонанда дар бораи бисёре аз касбу ҳунарҳои мардумӣ возеҳу равшан маълумоти пурра оварда, зикр шудааст, ки падараш бо истифода аз ҳунари санги осиёбтарошӣ, ки аз аҷдодони гузаштааш омӯхта буд, рӯзгори оилаашонро пеш мебурд. Қиблагоҳаш дигар ҳунарҳои дастӣ, аз қабили бофандагӣ ва дуредгариро низ хуб медонистааст ва бо ин ҳунарҳо байни мардум машҳур будааст. Дар шаҳри Бухоро мардону занони ҳунарманд хеле бисёр буданд ва устод Айнӣ дар симои онҳо шахсони меҳнатдӯсту ҳалолкорро тасвир кардааст. Ҳунарҳои дигаре, ки дар «Ёддоштҳо» зикраш рафтааст, аз пашму пӯсти ҳайвонот бофтани қолин ва тайёр кардани пойафзол мебошад, ки дар он замон хеле шуҳрат ёфта буд. Ҳамчунин, дар «Ёддоштҳо» тарзи тайёр кардани ҳалво низ ба тафсил гуфта шудааст. Дар корхонаҳои қаннодӣ чандин нафар кор мекарданд ва дар вақти тайёр кардани ҳалвои қадима аз қанд, об, равған ва орд истифода мебурдаанд.
Кандакорӣ аз зумраи ҳунарҳои дигарест, ки дар ин асар шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Устохоҷа марди ҳунарманде буд, ки аз чӯб дару сандуқ месохт ва дар онҳо аксҳои гуногунро наққошӣ мекард. Устохоҷа ба устохонаҳои дигарон рафта, нусхаҳои нақшҳои зебои худро ба косагарон, читгарон ва гилгарон медод, то онҳо низ дар гулмонии маҳсулоташон аз он истифода баранд.
Машҳуртарин ҳунарҳое, ки аз давраи қадим то замони мо омадааст, ин сурудхонӣ ва шашмақомхонӣ мебошад. Шашмақомхонҳо дар замонҳои гузашта аз як маҳал ба маҳалли дигар рафта, ҳунарнамоӣ мекарданд. Устод Айнӣ дар асарҳои худ ҳунармандони тоҷикро хеле баҳои баланд дода, ҳунармандии мардуми тоҷикро дар навиштаҳояш бо як санъати баланд намоишдода, кӯшидааст, ки насли оянда аз мероси ғании миллати худ огоҳ бошад.
Фарангес ҒОЗИБЕКОВА,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 98,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр