Нашрияи Омӯзгор

Барчидаҳо аз номаҳо

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Ҳуҷҷати тақдирсози миллат

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти  миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯи талаботи замон буда, дар рушду пешрафти Тоҷикистон заминагузор аст. Он ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, ба меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳат, моликият ва ғайра кафолат медиҳад. Мардуми Тоҷикистон  бахти хешро тавассути ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ёфтанд.

Музамбила Тӯхтаева

 

Зи ваҳдат хуррамӣ бошад Ватанро

Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон пойдор аст. Маҳз сулҳу ваҳдат ба кишвари мо созандагию  бунёдкориро фароҳам овард. Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди он ба амалисозии нақшаҳои азим даст мезананд. Мо бояд сулҳ ва оштии миллиро ҳифз намоем ва насли наврасро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, муҳаббат ба Ватан, инсондӯстию инсонпарварӣ, созандагӣ, бунёдкорию накукорӣ, зебопарастию маданияти баланд тарбия намоем.

Наҷиба Иброҳимова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №83, ноҳияи Сино

 

Сухан аз кафолати ору номус

Дар даврае, ки ба тамоми ҷаҳон қувваҳои идеологияи реаксионӣ, бунёдгароӣ, экстремизм, шовинизм, терроризм ва ғайра таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳ намудан ба масоили тарбия хеле муҳим мебошад…

Имрӯз талошҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба он равона карда шудаанд, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ташаккул дода шуда, бо арзишҳои умумибашарӣ мусаллаҳ карда шаванд ва барои дарк кардани моҳияти демократия, самаранок истифода намудани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъиятҳои ба амаломада, иштироки фаъолона  дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ дар асри инқилоби илмӣ-техникӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Хуршеда Ҳошимова,

ходими калони шуъбаи адабиёти муосири  Институти забон ва адабиёти ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ

 

Ҷавонон неруи созанда

Боигарии асосии давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишофро захираҳои зеҳнии он мамлакатҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки потенсиали захираҳои зеҳнии кишвари азизамонро афзоем, то пешрафту тараққиёти рӯзафзун дошта бошем. Бо ҷавонони мамлакат бояд таъкид намоем, ки ба қадри неъматҳоямон бирасанд, ҳисси худшиносии баланд  дошта бошанд ва аз дастовардҳои дирӯзаву имрӯзаи фарзандони миллат ифтихор намоянд.

Диловаршо Ғиёсов,

омӯзгори мактаби №59, ноҳияи Файзобод

 

Обу ободӣ - муҷиби рӯзгори осоишта

Сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар гардида истодааст. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. Зеро об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки мавҷудияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама аз об вобаста аст.

Маратҷон Ҷабборов,

донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

 

Шароити созгор – омили пешравӣ

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву фаъолияти кормандони илмиву омӯзгорӣ ҳамаи тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Тоҷзода Далер Ҳамроҳпур, номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тарғибгари илму дониш

Панду андарз дар адабиёти классикии форсу тоҷик мавқеи намоёне доранд. Масалу ҳикматҳои арзишманд ба ҷомеа ғизои маънавӣ бахшида, инсонро аз вартаи  ғафлату надомат мераҳонанд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар асари машҳури хеш «Маснавии маънавӣ» ҳикоёти марғуберо ба назм даровардааст, ки мазмуни баланди ахлоқию тарбиявӣ доранд.

Муҳаммадалии Нуралӣ,

омӯзгори мактаби №56, ноҳияи Сангвор

 

Мушкилнописанд

Дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳини ноҳияи Муъминобод Маҳкамшо Зокировро ҳама мешиносанду эҳтиром мекунанд. Омӯзгори асил М. Зокиров 52 соли ҳаёташро сарфи омӯзгорӣ намудааст. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат мекунанд. Хизматҳои ӯ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Муҳаммадталаб Назруллоев,

собиқ омӯзгор,

Шарифи Абдулҳамид, «Омӯзгор»

 

«ОМӮЗГОР»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш