ё худ, алҳазар аз амалҳои аҳриманӣ
Мафҳуми терроризмро ба вабо ташбеҳ додаанд, ки комилан дуруст аст, зеро ин беморӣ мисли заҳрпечак ба тамоми узви инсон реша давонда муолиҷааш басо душвор мегардад.
Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Масъалаи пешгирӣ аз терроризм рӯз аз рӯз ба масъалаи муҳими глобалӣ табдил ёфта истодааст, ки он ҷаҳонро ноором мегардонад. Аз ин рӯ, зарурати пешгириву канорагирӣ аз он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (22. 12. 2017) низ шадидан мавриди интиқоду баррасӣ қарор гирифт. Маълум, ки соли 2017 дар гӯшаҳои мухталифи олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи чунин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Сарвари давлат доимо таъкид бар он мекунанд, ки «Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад». Бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2018» - қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротгароист.
Дар ин росто бояд ба рӯзгору фаъоляти фарзандонамон бетараф набошем, зеро андак бетавааҷҷуҳӣ метавонад инсонро ба роҳи каҷ барад.
Сурайё Абдуллоева,
омӯзгори мактаби №16, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр