Нашрияи Омӯзгор

Муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари манбаи обҳои тоза, боду ҳавои форам, макони ҳазору як гулу гиёҳи давоӣ, манзараҳои афсонавии дилкашу рӯҳбахш буда, воқеан ҳам мамлакати биҳиштосост.

Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.

Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагии зич доранд. Маҳсулоти дастӣ барои хориҷиён нақши созгор мегузорад. Бо роҳандозӣ намудани имтиёзҳо ба ҳунармандон арзиши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст карда шуда, қобилияти рақобатпазирии  он устувор мегардад. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ҳарчи бештар ба бозори ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шавад. 

Соли 2018 маҳсулоти ҳунармандон, тамоми намуди он аз андоз озод карда шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Ин пеш аз ҳама ба иқтисоди оилаҳои ҳунармандон фоида меорад. Онҳо соҳаро пеш мебаранду муаррифгари ҳунарҳо ва армуғонҳои миллӣ мебошанд. Маълум, ки ҳар як сайёҳ  бо худ армуғон мебарад. Ин як қадами устувор барои ҳунармандон аст, ки баҳри пешбурди оилаҳояшон мусоидат мекунад. Ҳунармандон хеле осон  ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаашон машғул мешаванд ва дар баробари ин, маҳсули дасти онҳоро ба меҳмонон ҳамчун армуғон, як навъ шиносномаи фарҳанги миллат бо худ мебаранд. 

Омили дигар, ки барои зиёд шудани теъдоди сайёҳон мусоидат мекунад,  ҷорӣ шудани низоми электронии робита барои сайёҳии хориҷӣ аст. Дилхоҳ шаҳрванди хориҷӣ бо роҳи интернет барои дастрас кардани раводиди Тоҷикистон муроҷиат мекунад ва ҷавоб ба суроғаи электронии сайёҳон ё шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мерасад.

 

Идигул Аюбова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш