Нашрияи Омӯзгор

Китобхонӣ фароғат аст

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Фаъолияти хонандагон дар таътили зимистона махсусиятҳои худро дорад. Маълум, ки таътил ба хонандагон бо ҳадафи истироҳат, дам гирифтан ва ба истилоҳ, «нафас рост кардан» муқаррар шудааст. Ҳар як фаъолияти инсон набояд  сарсарӣ, беҳадафонаю бесамар бошад. Истироҳат ҳам аз беҳудагардӣ ва барҳадар сарф кардани вақт иборат нест. Ин нуктаро бояд омӯзгорон, махсусан, роҳбарони синфҳо пеш аз ба таътил баромадани шогирдон ба онҳо тавзеҳ бубахшанд. Бояд ҳидоят кард, ки хонандагон дар давоми таътили зимистона ба китобхонӣ, такрори мавзӯъҳо, тамошои табиат, расмкашӣ, шеъразхудкунӣ, бозиҳои варзишию маърифатӣ машғул шаванд. Маъмулан роҳбарони синфҳо бо хонандагон дар ин давра ба ҷойҳои таърихӣ, ба осорхонаҳо саёҳатҳо ташкил мекунанд ва ҳамчунин, байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовару маърифатбахш меороянд, аҳлона ба тамошои киною театр мераванд.

Чун имсол дар ҷумҳурии мо 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ таҷлил мешавад, хеле хуб мебуд, агар бо супориши омӯзгорон хонандагон дар давраи таътил ба муносибати ин санаи фархунда бештар асарҳои ин нависандаи барҷастаи миллатро мутолиа намоянд. Ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ бояд мутолиаи асарҳои машҳури С.Айнӣ «Одина», «Ҷаллодони Бухоро», «Ҳикояҳо аз гузашта», «Аҳмади девбанд», «Ятим» ва «Марги судхӯр» - ро тавсия дод. Ҳамчунин, мутолиаи пораҳо аз «Ёддоштҳо» низ хеле муфид хоҳад буд. Баъди бозгашт аз таътил бо хонандагон перомуни ин асарҳо суҳбату мубоҳисаҳо оростан, вобаста ба мазмуни баъзе ҳикояҳои адиб чанд ҷумла иншо кардан ва чанде аз образҳоро тавсиф бахшидан айни муддаост.

Ба таътили зимистонаи хонандагон бояд омӯзгор ба қадри имкон роҳбарӣ намояд.

 

Гулсум Шерова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш