Нашрияи Омӯзгор

Мустақилият дар омӯзиши луғат

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Маълум, ки дар синфҳои ибтидоӣ (дар дарсҳои забони модарӣ ва хониш) луғатомӯзӣ аҳамияти муҳим дорад.

Луғатомӯзӣ захираи луғавии хонандагонро бой мегардонад, вале аксаран онҳо луғатҳоро зуд фаромӯш мекунанд. Чӣ бояд кард, ки луғати омӯхташуда аз хотири хонанда фаромӯш нашавад, балки дар ёди ӯ сахт нақш бандад?

Шояд роҳи интихобнамудаи  ман дар ин самт дуруст бошаду натиҷаи хуб диҳад ва кори омӯзгорони дигарро дар луғатомӯзӣ осонтар гардонад.

Дар вақти баёни мавзӯи нав ба ҷои он, ки хонандагон нақли мазмуни  матнро аз баёни муаллим шунаванд, чунин усулро интихоб намудам.

 Хонандагонро фақат бо ном (сарлавҳа)-и матн шинос менамоям. Баъдан ба хонандагон супориш медиҳам, ки як маротиба матнро мустақилона хонанд ва калимаҳои нофаҳмо  (душворфаҳм)-ро ёбанд. Он калимаҳоро дар тахтаи синф менависам. Хонандагон ин супоришро бо шавқ иҷро менамоянд. Ҳар кадом кӯшиш менамояд, ки калимаи душворфаҳмро ёбад ва дар тахтаи синф нависад. Бартарии ин усул дар он аст, ки хонандагон гаштаю баргашта, (то пурра сарфаҳм рафтани мазмуни  матн) онро мехонанд. Муаллим ба ин кор ду дақиқа ҷудо мекунад. Вақте ки калимаҳо дар тахтаи синф пурра навишта мешаванд, он калимаҳо якҷоя бо хонандагон шарҳ дода мешаванд.  Ба хонандагон супориш медиҳам, ки мавқеи калимаҳоро аз матн муайян намоянд, ки дар кадом ҷумла омадаанд. Хонандагон метавонанд бо ин калимаҳо ҷумлаи нав тартиб диҳанд. Онҳо бо ин роҳ мазмуни матнро ҳам азхуд мекунанд.

Азбаски дар навиштан ва ёфтану шарҳ додани калимаҳо худи хонандагон иштирок менамоянд, бовар дорам, ки он луғатҳои омӯхташуда абадан дар хотири кӯдакон мемонанд.

Хуллас, бо ин роҳ мавзӯи нав ҳаллу фасл мегардад ва дар баёни мазмуни матн ба муаллим ҳоҷат намемонад.

Малика Азизбекова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш