Чанде пеш дар рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Кӯшониён семинар-машварат ва аксия гузаронида шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази мубориза бар зидди ВНМО ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Ба ҳамаи хонандагони синфҳои болоии мактаб оид ба таърихи пайдоиш, паҳншавӣ ва роҳҳои сирояту оқибатҳои манфии бемории ВНМО китобчаҳо, варақаҳо ва маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Хонандагоне, ки дар бахши саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд, соҳиби туҳфаҳо гардиданд.
Чи тавре ки директори муассиса Мавҷигул Ғафурова иброз намуд, чунин вохӯрию чорабиниҳо дар мактаб зуд – зуд баргузор мегарданд.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр