Нашрияи Омӯзгор

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Теъдоди афроде, ки дар рӯйи олам бо забони англисӣ гуфтугӯ менамоянд, беш аз 1,5 миллиардро ташкил медиҳанд. Ин забон дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта, ватани аслияш Бритониёи Кабир ба ҳисоб меравад.  Забони англисӣ ба яке аз шохаҳои забони олмонӣ шомил буда, дар маҷмӯъ, ба оилаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Беш аз 90%-и мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Австралия ва Канада ҳангоми гуфтугӯ аз забони англисӣ истифода мебаранд ва аксари аҳолиашон ҳам англисзабонҳо мебошанд. Забони англисӣ забони ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар донишгоҳу марказҳои таълимии бисёре аз кишварҳои дунё таҳсил ба ин забон ба роҳ монда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ наврасону ҷавонон ба омӯзиши забони англисӣ солҳои охир бештар рӯ овардаанд.

Омӯзиши забони англисӣ аз синфи се то ёздаҳ ва дар баъзе мактабҳои хусусӣ аз синфи якум ба роҳ монда шудааст.

Ҳосил намудани малака ва маҳорати муоширатӣ аз истифодаи методҳои гуногуни таълими забони хориҷӣ вобастагӣ дорад, вале барои омӯзгор донистани танҳо методика кифоя нест. Дар ин хусус олимон Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина чунин зикр кардаанд: «Методика ин психологияи амалӣ нест, зеро донистани танҳо гузариши ҷараёнҳо ба монанди дар хотир нигоҳдорӣ, фикрронӣ, чӣ гуна ташаккулёбии маҳорат ва малака кифоя набуда, зарур аст, ки фанни омӯзонидашаванда, яъне, забони англисӣ аз тарафи омӯзгор хуб аз худ карда шавад». А.Пэнлоуш гуфтааст: «Методҳои хуб ва бад вуҷуд надоранд, балки муаллимони хуб ва бад мавҷуданд». Дар ҳақиқат, муаллимон бояд ғайр аз методикаи таълими забони хориҷӣ фанни тадрисшавандаро низ хуб азбар карда бошанд ва тавонанд, ки заминае хубе баҳри омӯзиши минбаъдаи забони англисӣ фароҳам орад. Аз ин рӯ, ба марҳилаи аввали омӯзиш аҳамияти ҷиддӣ бояд дод, зеро ин марҳила асосӣ ба шумор рафта, муваффақияти омӯзиши фан дар зинаҳои навбатӣ аз зинаи аввал вобастагии амиқ дорад.

Мавзуна МӮСАЕВА,

омӯзгори забони англисии

мактаби №4-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш