Ҷаҳони муосир ба марҳилаи тозае ворид гардидаву ҳар рӯз дигаргуниҳои нав дар соҳаҳои мухталиф ба вуқӯъ меоянд. Дар баробари пешравиҳо имрӯз терроризму экстремизм тамоми ҷомеаро ба таҳлука андохтааст. Мутаассифона, ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавононро ҷалб менамоянд. Ҷавонони нодону гумроҳ аз сабаби надоштани донишу ҷаҳонбинии фарох, огаҳии комил ва маърифати баланд зуд фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд. Аслан ба ин гурӯҳҳо онҳое шомил мегарданд, ки дар баробари надоштани донишу ҷаҳонибинии васеъ, аз одоби ҳамида низ дур ҳастанд. Бинобар ин, дар муассисаҳои таълимӣ ба масоили тарбия бояд эътибори ҷиддӣ дод. Дар ҳар дарс бояд одоби ҳамида ва хулқу атвори наку ба хонандагон талқин карда шавад. Барои тарғиби одоби ҳамида бояд худи омӯзгор аз навигариҳои илм, ҳодисоту воқеоти сиёсию вазъи ҷаҳони муосир огоҳ бошад. Доштани иттилои кофӣ ва дониши сиёсӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки воқеаҳо ва рӯйдодҳои ҷаҳонро ҳаматарафа таҳлил намояд ва ба хонандагон шарҳу тавзеҳ бидиҳад. Тарғиби одоби ҳамида бояд тарзе роҳандозӣ гардад, ки ба хонандагон таъсири амиқ расонад ва ба камолоти маънавию соҳибадаб гардидани онҳо мусоидат намояд. Он нафароне, ки куштору хунрезӣ мекунанд, аз одоби ҳамида дуранд ва асосан беадабону бадгавҳароне ҳастанд, ки ба корҳои манфур, аз қабили куштору хунрезӣ ва дигар амалҳои нопоку бад даст мезананд. Пеш аз оғози ҳар дарс чанд дақиқаро ба тарбияву талқини одоби наку бахшидан манфиатбор хоҳад буд, зеро дар тарбияи дурусти наврасон маҳз мактаб нақши босазо гузошта метавонад. Барои ин омӯзгоронро мебояд асарҳои зиёдеро худ хонда бошанд, ҳамчунин, ба хонандагон барои хондан тавсия намоянд. Доир ба одоби ҳамида адибони фозилу соҳибдил осори арзишманду мондагор офаридаанд. Махсусан, тавсия додани асарҳои «Гулистон», «Баҳористон», «Қобуснома» ва ашъори шоирони маъруф вобаста ба одобу рафтори наку барои мутолиа самараовар аст. Вобаста ба тарғиби одоби ҳамида Бадриддини Ҳилолӣ гуфтааст:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурӯғи зоҳир аз ороиши ӯст,
Фароғи ботин аз осоши ӯст.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол
аст.
Ба ин маънӣ шоир дар ҷойи дигар мегӯяд:
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ
пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён
ой!
Аз аввалин қадамҳои худ хонанда дар мактаб бояд ба таълиму тарбия бо усулу шеваҳои муассиру судманд фаро гирифта шавад. Чунонки Саъдии Шерозӣ неку фармудааст:
Чӯби тарро, чунон ки хоҳӣ,
печ,
Нашавад хушк ҷуз ба оташ
рост.
Ҳимин тавр, бояд тарғиби одоби ҳамида дар ҳар дарс ҳамвора дар алоқамандӣ бо воқеоти замон пайгирӣ шавад, он гоҳ дар зуҳур намудани хислатҳои неки инсонӣ дар симои наврасону ҷавонон муваффақ мегардем.
Исмия ДАВЛАТОВА,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби №67-и
шаҳри Душанбе,
Аълочии маорифи ҷТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр