Мафҳумҳои аввалини тригонометрӣ ва астрономӣ дар мамлакатҳои Шарқ – Ҳиндустон, Миср, Бобулистон ва Хитой ба вуҷуд омадаанд. Дар Бобулистони қадим гирифтани офтоб ва моҳтобро пешакӣ гуфта метавонистанд.
Соли 585-и милодӣ Олими Юнони қадим Фалес гирифтани офтобро пешгӯӣ кард. Гиппарх (тақрибан 180-125 пеш аз милод) дар 12 китоб ҷадвали хордаҳои давраро тартиб дод. Баъди 400 сол ҳамин гуна ҷадвалҳоро барои камонҳои аз 00 то 1800 Клавдий Птоломей (тақрибан с.100 - 178) дар «Куллиёти математикӣ» (аз 13 китоб) ҷой дод. Градус (лотинӣ – «қадам»)-ро ба дақиқаҳо (хурдшуда) ва сонияҳо (дуюми хурдшуда) тақсим кард. Дар асрҳои V-XII ҳисоббарориҳои тригонометрӣ дар асарҳои математикони Ҳинд – Ариабхатта (тақрибан 476-55- н. аз м), Брахмагупта (598-660 п. аз м.) ва Бхаскара (1114 - 1178) инкишоф ёфт. Ҳиндуҳо ба мисли Птомолей давраро ба 360 қисм тақсим мекарданд. Арабҳо онро баъдтар «ҷайб» (маънояш «бағал») ном мебурданд. Дар асри XII аз тарафи олими итолиёӣ Герарди Кремони (1114 - 1187) ба забони лотинӣ – sinus тарҷума гардид. Аз охири асри VIII сар карда, мафҳумҳои асососии тригонометрӣ дар байни арабҳо паҳн гардид. Бо фармони халифаи Бағдод Ал – Мансур асарҳои олимони Ҳинд ба арабӣ тарҷума шуданд. Олими бузурги Осиёи Миёна Ал – Хоразмӣ (780 - 847), ки дар Бағдод кор мекард, ба ҷадвалҳои хордаҳои тартибдодаи юнониҳо ва ҳиндуҳо шинос шуда, ҷадвалҳои боз ҳам саҳеҳтарро сохт. Математик ва астрономи намоёни суриягӣ Ҷобир – ал – Баттонӣ (858 - 929) барои муайян кардани баландии офтоб мафҳуми нави тригонометрӣ ворид намуда, онро «соя» (аз рӯи истилоҳи имрӯза «тангенс») номид. Дар қатори ҷадвалҳои синусу тангенс боз ҷадвалҳои котангенсро амалӣ гардонд. Ҷадвалҳои тартибдодаи ӯ на фақат дар Шарқ, балки дар Аврупо низ маълум буданд. Бо тағйиротҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии асрҳои IX – X нигоҳ накарда, дар замони давлатдории Оли Сомон дар Осиёи Миёна як зумра математикони номдор фаъолият мекарданд, ки онҳо дар рушду нумӯи маълумотҳои тригонометрӣ саҳми босазо гузоштаанд. Асарҳои илмии Форобӣ, Абулвафо, Сино, Берунӣ ва садҳо дигар математикони намоён беҳамто ва такрорнашавандаанд. Абӯнаср – ал – Форобӣ (875 - 950) ба корҳои Птоломей пайравӣ карда, хатти тангенс ва котангенсро дохил кард ва хордаҳоро ба синус иваз намуд. Олими машҳури форсу тоҷик Муҳаммад Абулвафо (940 - 998) дар таърихи илм аввалин шуда радиуси давраи тригонометриро ба воҳид баробар қабул кард. Ин кашфиёт дар илм табаддулоти куллиро ба вуҷуд овард. Онро олимони Аврупо баъд аз ӯ кашф намуданд. Абулвафо бори нахуст тангенс ва котангенсро ҳамчун функсияи тригонометрӣ ба илм дохил кард ва барои онҳо ҷадвал тартиб дод. Мунаҷҷимон ба хотири ин марди бузург яке аз кӯҳҳои тарафи намоёни Моҳро ба номи ӯ гузоштанд. Муҳаммад – ал - Хуҷандӣ (вафоташ 1000) ба исботи теоремаи синусҳо комёб гардид. Ба ӯ ихтирои асбоби сектанта (кунҷсанҷ)-и радиусаш тақрибан 40м тааллуқ дорад. Донишманди барҷастатарини асри XI Абӯрайҳони Берунӣ (973 - 1040) ба Абулвафо пайравӣ намуда, радиуси давраи тригонометриро ба воҳид баробар қабул кард, тарзи амалии ҳисоб намудани масофаи дастрас ва чуқурии чоҳро бо ёрии функсияҳои тангенс ва котангенс муайян намуд. Дар Осиёи Миёна ҷадвалҳои тартибдодаи олимони Самарқанд – Ғ. Кошонӣ (вафоташ 1430), А.Қушчӣ (вафоташ 1474) ва Қ.Румӣ (1360-1437) оид ба қисматҳои функсияҳои тригонометрӣ аз ҳама саҳеҳтар буданд. Ба ҳамин тариқ, халқҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна, махсусан, тоҷикон дар пешрафти маълумотҳои тригонометрӣ саҳми муҳим гузоштанд.
Ҷалол Ҷалолов,
омӯзгори мактаби №173-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр