Муҳит ду хел мешавад: муҳити географӣ ва муҳити зист. Муҳити географӣ ҳамаи қисмати табиати кураи заминро фаро гирифтааст. Муҳити зист муҳити зисту зиндагонӣ ва фаъолияти истеҳсолию ҷамъиятии инсонӣ (таъсири табиию антропогенӣ)-ро дарбар мегирад.
Дар атмосфера зиёд шудани гази карбонат боиси гарм шудани иқлими кураи замин мегардад. Инсон дар муҳити зисти худ канал, роҳ, обанбор, сарбанд, неругоҳҳои барқи обӣ, деҳаю шаҳрҳо, киштзор ва боғу токзорҳо бунёд кардааст, ки он симои табиии муҳити зистро тағйир додааст ва инро олимони зистшинос пешрафти антропогенӣ номидаанд.
Тоза нигоҳ доштани муҳити зист яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи табиат мебошад. Пӯшида нест, ки 5 июн аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҳифзи муҳити зист эълон шудааст ва онро ҳар сол дар тамоми ҷаҳон қайд мекунанд. Мушкилии ифлос гардидани муҳити зист на танҳо дар ҷаҳон, балки дар ҷумҳурии мо ҳам ба миён омадааст. Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ (дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо) кумитаҳои ҳифзи муҳити зист таъсис ёфта, то имрӯз фаъолият доранд. Барои нигоҳ доштани намудҳои наботот ва ҳайвоноти камёфту нодир мамнуъгоҳҳо ташкил карда шудааст.
Дар ҷамъияти имрӯзаи мо ба мафҳумҳои экология ва ҳифзи муҳити зист ҳама сарфаҳм намераванд. Дар натиҷа қонунҳои онро вайрон мекунанд, ки ин боиси ифлосшавии муҳити зист ва доман паҳн намудани бемориҳои зиёд мегардад. Мо мебинем, ки дар ҳар қадам, дар кӯчаю хиёбон, мавзеъҳои истироҳатӣ, манзили зист, бозор калонсолон ва наврасону кӯдакон коғаз, зарфҳои пластикӣ, хокистар ва хасу хошок мепартоянд. Дар замони ҳозира бисёриҳо маҳсулоти худро дар бозор савдо менамоянд, вале ба талаботи қонунҳои экологӣ ва эпидемиологӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Бояд гуфт, ки тарбияи экологӣ яке аз қисматҳои муҳимми тарбия мебошад ва тадқиқоту омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки онро мо бояд аз овони кӯдакии шогирдонамон шурӯъ намоем.
С. Аминов,
омӯзгори географияи
мактаби №3-и ноҳияи Фархор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр