Нашрияи Омӯзгор

 «Омӯзгор» дар ноҳияи Дӯстӣ

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

Рӯзи аввали сафари  корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти  устодону омӯзгорони гимназияи давлатии рақами 1 шинос гардидем. Бинои гимназия барҳаво ва роҳравҳояш фарох бошад ҳам, он якқабата ва куҳансохт мебошад. Аз нақли директори муассиса Муҳаббат Бӯтаева маълум мегардад, ки бинои мазкур соли 1936 сохта шудаву дар он боғчаи кӯдакон ҷойгир будааст. Баъдтар бино ба шуъбаи маорифи ноҳия табдил дода мешавад.

Гимназия соли 2005 бо ибтикори роҳбарияти раёсати маорифи вилоят таъсис дода шудааст. Ба таъкиди сарвари таълимгоҳ дар гимназия 448 хонанда дар як баст таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 24 нафар омӯзгори соҳибихтисос дарс мегӯянд. Таълим дар гимназия аз рӯйи равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ба роҳ монда шуда,  хонандагон дар асоси озмун ба синфи якум қабул карда мешаванд. Азбаски бинои муассиса хеле куҳна ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намебошад, дар он толорҳои маҷлисию варзишӣ вуҷуд надоранд.

- Ба сабаби он ки теъдоди хонандагон  ҳамасола меафзояд, се сол  кабл бинои иловагӣ сохта шуд, ки аз панҷ синфхона  иборат мебошад, - мегӯяд директори гимназия М. Бӯтаева ва меафзояд, ки таълимгоҳ китобхонаи худро дорад, ки зиёда аз 1370 нусха китоби бадеиро фаро гирифтааст. Таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, дар ин самт аслан мушкилот вуҷуд надорад.  Синфхонаи компютерии гимназия бо бист компютер, як тахтаи электронӣ ва ду видеопроектор таъмин мебошад. Мутаассифона, гимназия озмоишгоҳҳои фаннӣ надорад.

Тавре  сарвари  муассиса иброз дошт, дастоварду комёбиҳои  хонандагон назаррас буда, бо вуҷуди набудани щароити зарурӣ сатҳи дониш ва илмомӯзии онҳо қонеъкунанда мебошад. Соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 11 – и таълимгоҳ Мавзуна Бурҳонова аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Айни ҳол чор нафар хонандагон гимназия барои иштирок дар олимпиада омодагӣ мегиранд.

Соли  гузашта 35 нафар таълимгоҳро хатм намуда, тариқи имтиҳоноти тестӣ 24 нафар ба мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо дохил гардиданд, Умуман, бахши зиёди хатмкунандагони гимназия дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар таҳсил карда, соҳиби ихтисосҳои гуногун шудаву ҳамзамон гурӯҳи дигарашон   таҳсилро  идома  дода истодаанд.

- Медонед, талаботи волидон ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани фазандонашон ба гимназия зиёд аст, аммо нарасидани синфхонаҳо, ҷойи нишаст ва дарсхонаҳои фаннии озмоишӣ ба ин кор монеа эҷод мекунад. Дар як ноҳияи сераҳолӣ танҳо як гимназия мавҷуд аст, ки талабу дархости падару модаронро қонеъ гардонида наметавонад, - мегӯяд М. Бӯтаева. Воқеан, сари масъалаи бунёди бинои наву хуштарҳи гимназия, ки  бо тамоми васоиту дастгоҳҳои техникӣ муҷаҳҳаз ва дорои  толорҳои маҷлисию барҳаво бошад, масъулони ҳукумати ноҳия бояд андешаи ҷиддӣ намоянд. Зеро аҳолӣ рӯз то рӯз меафзояд ва таҳсил дар гимназияе, ки шароитҳои зарурӣ надорад, ба салоҳи кор намебошад.

 Рӯзи дуюми дар ноҳияи Дӯстӣ қарор доштанамон бо раҳнамоии мудири кабинети методии шуъбаи маориф Маҳмадшариф Камолов ба муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 1 омадем. Директори мактаб Ҳайдар Шафиев, ҷавони кордону ташкилотчии варзида, ки соли дуюм аст, сарварии таълимгоҳро бар уҳда дорад, зимни суҳбат изҳор дошт, ки бинои мактаб соли 1976 барои 500 нафар хонанда бунёд гардидааст. Феълан дар таълимгоҳ 739 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 41 нафар омӯзгор сабақ  меомӯзонанд. Аз нақли директор маълум гардид, ки соли гузашта тибқи низоми тестӣ аз 37 нафар хатмкардаи муассиса 26 нафар ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд. Дар таълимгоҳ ба омӯзиши технологияи  компютерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳоло муассиса ҳуҷраи компютерии худро дорад, ки дар он 17 компютер мавҷуд аст ва омӯзгори соҳибихтисос Шодмон Гулмамадов аз фанни технологияи иттилоотӣ ба хонандагон дарс мегӯяд.

- Ба омӯзиши ҳамаи фанҳо дар мактаб диқкати ҷиддӣ медиҳем. Ба ин хотир чорабиниҳои мухталифи шавқовар, пурмуҳтаво ва омӯзанда аз ҷониби устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, - мегӯяд муовини директор оид  ба бахши таълим Фароғат Эгамбердиева ва тавзеҳ медиҳад, ки ҳар ҳафта рӯзҳои фаннии забонҳои русӣ ва   англисӣ  бо  иштироки хонандагон дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегардад. Таълимгоҳ аз се бинои барҳавою синфхонаҳояш равшан иборат буда, толорҳои маҷлисиву варзишӣ дар хидмати хонандагон қарор дорад.

- Муваффақияту дастовард-ҳои таълимгоҳи мо хеле калон аст, - иброз дошт сарвари муассиса Ҳайдар Шафиев ва афзуд, ки соли гузашта хонандаи синфи 11 Гулзира Собирова аз фанни забони англисӣ дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби  ҷойи якум ва медали тилло гардид. Иштироки хонандагони таълимгоҳ дар мусобиқаҳои варзишӣ низ қобили қайд буда, тайи панҷ соли охир 14 нафар дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бо муваффақият ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

- Мушкили асосии муассиса набудани синфхонаҳои лингофонӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ мебошад, - гуфт сарвари мактаб ва эзоҳ дод, ки ин масъала борҳо мавриди муҳокима қарор гирифтааст, вале то ҳол натиҷае ба бор наовардааст. Таъмини мактабиён бо китобҳои дарсӣ асосан ҳалли худро ёфтааст, бо вуҷуди ин, норасоии китобҳои геометрия, зоология (синфи 7) ва алгебра (синфи 11) ба чашм мерасад.

Боиси хушнудист, ки ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ ба 15 нусха ҳафтаномаи «Омӯзгор» обуна шудаанд. Фаъолияти китобхонаи мактаб хуб ба роҳ монда шуда, он дорои 2 500 китоби бадеӣ мебошад. Ҳамкориву робитаи мактаб бо  волидон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, раиси АВО Дилафрӯз Ҷунайдова  пайваста дар баргузор намудани ҷамъомадҳои  падару модарон саъю талош меварзад, то масоили ҳалталаб бо ёриву ҳамдастии волидон ва сокинони шаҳрак бартараф карда шаванд.

Бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҷаббор Абдураҳимов баъди нисфирӯзӣ дар ҳуҷраи корияш вохӯрдем.

- Корҳоямон бад нестанд, - ба сухан оғоз намуд мудир ва иттилоъ дод, ки дар ҳамаи самтҳои бахши маориф пешравиҳо ба чашм мерасанд. Бахусус, фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо хуб буда, ин муассисаҳо дар собиқ бинои шуъбаи маориф ҷойгиранд ва кормандони он талошу кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки хонандагонро бештар ба маҳфилу чорабиниҳо фаро гирифта, нозукию ҷузъиёти компютер ва кор бо тахтаи электронию видеопроекторро ба онҳо биомӯзанд. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бошад, бо ҳафт воҳиди корӣ таъмин буда,  кормандони он дар гузаронидани озмунҳои фаннии гуногун, аз ҷумла, «Физикони ҷавон», «Ҳисобдон», «Глобус», «Сиёсатшиносӣ», «Китобхони беҳтарин», «Ихтироъкорони ҷавон», «Ҳуқуқдони беҳтарин», «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» ва амсоли ин саҳми босазо мегузоранд. Махсусан, иштироки хонандагон  дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ хеле  назаррас буда, бо дониши баланди худ онҳо соҳиби  ҷойҳои сазовор гардиданд.                        

Моҳи ноябри  соли равон дар олимпиадаи анъанавии вилоятӣ аз фанҳои биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ, ки дар байни хонандагони синфи 9 гузаронда шуд, шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№12, 39 ва гимназияи давлатии рақами 1 сазовори ҷойҳои намоён шудаанд. Дар соли таҳсили 2017 – 2018 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ се хонанда аз муассисаи таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

- Маркази таҳсилоти  иловагии назди шуъбаи маориф бо 12 воҳиди корӣ фаъолияти судманди худро ба роҳ мондааст, - зикр намуд мудири шуъбаи маориф ва афзуд, ки дар назди марказ ҳафт маҳфил, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, рассоми ҷавон, экологӣ ва хониши бурро амал мекунад. Даҳ нафар узви маҳфили марказ, ҳамзамон дар озмуни ҳаштуми ҷумҳуриявии «Нозирони наврас: ҳаракат дар роҳ» иштирок варзида, соҳиби се ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳамнишине беҳтар аз китоб махоҳ» хонандаи синфи даҳуми гимназияи давлатии рақами 1 Бибиоиша Эрданова сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Перомуни фаъолияти Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳарф зада, Ҷаббор Абдураҳимов қайд кард, ки муассисаи мазкур ба  46  муассисаи таълимии ноҳия хизмат мерасонад. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 720 адад компютер, 148 принтер, 13 видеопроектор, 6 тахтаи электронӣ ва 38 генератор мавҷуд аст. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ 75 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, аз тарафи кормандони марказ семинари омӯзишӣ бо иштироки омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд. Соли равон таълими фанни технологияи иттилоотӣ дар синфи 5 ба роҳ монда шуд.

- Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки дар масъалаи бо 220 адад компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ кунем, - мегӯяд мудир. То ин дам 78 компютеру принтер  аз ҷониби кормандони марказ таъмир карда шуданд. Дар шуъбаи маорифи ноҳия дар масъалаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ  аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Ба таъкиди мудир, соли равон ба муассисаҳои таълимӣ 349 956 китоби дарсӣ ва 37 442 барномаи таълимӣ дастрас карда шудааст, ки 25717 адади он ройгон мебошад. Соли гузашта 485 нафар хатмкунандаи  таълимгоҳҳои ноҳия аз тариқи Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супурда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд.

Баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорон ва ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани эшон аз масъалаҳои мубрами соҳа маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ курсҳои омӯзишӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим аз фанҳои физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ дар се давр гузаронида шуд, ки 305 нафар омӯзгор дар онҳо иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд. Дар маҷмӯъ, 345 нафар омӯзгор бо муовинони директор ва директорони мактабҳо ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда шуданд. Ба тасдиқи мудири шуъбаи маориф, дар ноҳия ду муассисаи томактабии давлатӣ амал мекунад. Муассисаи томактабии рақами 1 дар маркази ноҳия ҷойгир буд, дар он 160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли равон муассисаи номбурда ба маблағи 9832 сомонӣ аз таъмиру тармим бароварда  шуд. Барои таъмир ва болопӯши бинои он аз тарафи ҶДММ «Юсуф – 34» ба маблағи 50 000 сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд. Муассисаи томактабии рақами 2 бошад, дар шаҳраки «20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой гирифта, мураббияҳои он ба омӯзиш ва тарбияи кӯдакони то ҳафтсола машғул мебошанд. Муассиса 162 тарбиятгирандаро ба оғӯши худ гирифта, ба онҳо 14 мураббия сабақ меомӯзонанд.

- Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад, - изҳор дошт мудири шуъбаи маориф ва шарҳ дод, ки бунёди  мактаби миёнаи рақами 16 барои 530 нафар хонанда дар ду баст бо тамоми воситаи техникию аёнӣ, ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иштирок дошт, оғози нек дар вусъат ёфтани раванди созандагӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии рақами 3 (чор синфхонаи иловагӣ) ва рақами 4 (ду синфхонаи иловагӣ) бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтаю ба истифода дода шуданд. Сохтмони сифхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби волидайни хонандагон дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои  5, 34, 42, 44 идома дорад. Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ташкилоти Пажӯҳишгоҳи ғизои шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ ва кишоварзӣ – ФАО дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 3, 5, 10,11, 14, 23, 25, ва  45 яктоӣ гармхона ва дар мактаби рақами 16 ду гармхона сохтаю ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо сабзавоти гуногун кишт ва парвариш карда мешаванд.

Р.S Бо вуҷуди ин ҳама пешравию дастовардҳо дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, солҳои зиёдест, ки шуъбаи маориф бинои алоҳидаи ҷавобгӯ ба талаботи замон надорад. Айни замон кормандони шуъбаи маориф дар ошёнаи сеюми собиқ бинои куҳнаю таъмирталаби Маркази ҷавонон фаъолият мекунанд. Чи тавре мудири шуъбаи маориф Ҷ. Абдураҳимов тавзеҳ дод, чанд сол мешавад, ки барои сохтмони бинои нави шуъбаи маориф дар маркази ноҳия қитъаи замин ҷудо намудаанд ва шояд бо дарёфти маблағ корҳои сохтмонӣ оғоз гарданд. Ҳамчунин, марказҳои таҳсилоти  иловагӣ,  дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар собиқ бинои  шуъбаи маориф ҷойгир буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. 

Мушкилии дигар кам будани теъдоди муассисаҳои томактабӣ (ҳамагӣ 2 – то) дар ноҳия ба ҳисоб  меравад. Боиси таассуф аст, ки дар ноҳия ягон муассисаи томактабии хусусӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода нашудааст. Масъулини ҳукумати ноҳияро мебояд сари ин масоил андеша намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»,

Душанбе - Дӯстӣ - Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш