Нашрияи Омӯзгор

Истиқлолияти фикрии хонанда дар меҳвари дарс

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

Чанд сол мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар, бахусус дар синфҳои ибтидоӣ усули муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ карда шуд.

Бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор омӯзгори ҷумҳурӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар ибтидо ин навгониро на ҳама омӯзгорон хуш пазируфтанд, зеро онҳо бо ҳамон  усули анъанавӣ, ки бо оромиву камфаъолиятии хонандаҳо сурат мегирифт, одат карда буданд.  Усули нави таълим  аз муаллим малака, дониш ва ҷаҳонбиниву сухандонӣ талаб менамояд.

Мақсади муносибати босалоҳият ба таълим дар чист? Борҳо шунидаем, ки ба нафаре мегӯянд: «Ӯ салоҳияти ин корро надорад», яъне вай аз уҳдаи ин кор намебарояд. Салоҳият ба вазифа ҳам ишора мешавад, ба ин маънӣ: «Аз доираи салоҳияташ баромадааст».

 Дар таълими синфҳои ибтидоӣ мақсади асосӣ инкишофи тафаккури хонанда ва омӯзонидани тарзи дурусти баёни андешаҳо мебошад ва омӯзгор муваззаф аст, ки дар синни хурдӣ ҳамин малакаро дар кӯдак бедор намояд. Салоҳият ҳамон ҷамъи дониш, истеъдод ва малакаест, ки дар хонанда пайдо мешавад.  Мутаассифона, то ин дам рушд додани он аз назари омӯзгор дур мемонд ё худ дуюмдараҷа маҳсуб меёфт.

Дар усули анъанавии таълим дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгор матнро мехонд, хонандагон гӯш карда ва ё дастро рӯи хатти навишта гузошта, баробари муаллим такрор мекарданд. Баъдан омӯзгор ин матнро шарҳ медод ё бозгӯ мекард ва ба хонандагон супориш медод, ки дар синф ё хона онро хонда, баъд нақл кунанд. Бубинед, ин ҷо қариб, ки фаъолияти эҷодкорӣ ё худ мустақилияти фикрии хонанда дида намешавад.  Дигар ин ки муаллим танҳо ба матни тайёр такя мекунад ва хонанда низ аз хондаву шунида ва супориши  муаллим берун намебарояд. Дар ҳоле ки омӯзгор бояд барои таҳрики фикрронии кӯдак бештар ба саволҳои: «барои чӣ» ва «ба кадом мақсад?», «андешаи худи ту чӣ аст?» муроҷиат кунад, то кӯдак андешаи худро баён карда тавонад, на тӯтивор такрор намояд.

Аз ин рӯ, зарурати андешапарварӣ дар кӯдак ва ё заминаи истиқлоли фикр  бояд дар синфҳои ибтидоӣ ташаккул ёбад ва ин тақозои замони муосир аст.  Дар ҳоле ки илму техника, кашфиёти олами моддиву зеҳнӣ рушд дорад, хонандагон бояд озодона андешаронӣ кунанд ва мустақилона тасмим гирифтанро биомӯзанд.

Хулоса, муносибати босалоҳият ба таълим барои рушди тафаккури хонандагон усули босамарест, ки дар фаъолият ва таҷрибаи кориам зарурати онро ҳарчи бештар эҳсос мекунам.

 

Гулнора ЮСУФОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №27-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш