Бо ҷорӣ гаштани усули таълими салоҳиятнок (салоҳиятнокӣ дар таълим) бори дигар собит гардид, ки таълиму тарбия ҷараёни такмилёбанда ва фарогир буда, бо мурури замон восита ва тарзҳои гуногуни омӯзиши насли наврас ба миён меояд, методика тақвият меёбад, бавусъату пурсамартар мегардад.
Зимни шарҳи ҳар мафҳуми нав маъмулан рӯй ба луғатномаҳо меоранд. Дар аксар фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ вожаи салоҳият бо ифодаҳои лоиқ будан, сазовор будан ва шоиста будан тафсир ёфтааст. Дар дастурҳои методии мақомоти дахлдор салоҳият дорои шарҳи зерин мебошад:
- қобилияти ягон корро хуб ва самаранок иҷро кардан;
- ба талаботи вазифавӣ мутобиқ будан;
- қобилияти иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ.
Стандарти давлатии таҳсилот ин вожаи акнун маъмулгаштаро ба ин гуна тавзеҳ мебахшад: «Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати ба ҳам алоқаманде аст, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешавад».
Дар иртибот ба ин тавсифҳо метавон гуфт, ки салоҳиятнокӣ, пеш аз ҳама, масъулиятмандист ва ҳар фарди босалоҳият бояд кору амалеро ба таври шоиста, пухта ва асосманд ба сомон расонад. Масъулиятшиносӣ ва ҷидду ҷаҳд дар маркази ҳар амали шахси босалоҳият бояд қарор дошта бошад. Дар низоми таълими босалоҳият ҳам фаъолиятнокии омӯзгор (дар омодагӣ, таҳияи тарҳи дарс, мушоҳидакорӣ, идораи синф, дарки қобилияту фаҳмиши хонанда, ҳаллу фасли мубоҳисаҳо, саволгузорӣ…) тақозо мешаваду ҳам фаъолнокии хонанда (дар омӯзиши мавзӯъ, фикру андеша, риояи мантиқ, хулосабарорӣ, таҳлил…). Ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ) ҳадафи асосии низоми таълими босалоҳият шуморида мешавад. Дар ин низом, чунонки дар дастурҳо омадааст, саволҳои «Омӯзгор чӣ кор карда метавонад?», «Омӯзгор кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» аҳамияти махсус доранд.
Вобаста ба низоми таълими салоҳиятнок дар як давраи кӯтоҳ, хушбахтона, нашрияҳои соҳаи маориф мақолаҳои зиёде ба табъ расонданд, ки ин кори омӯзгоронро баҳри омӯзиши амиқу дақиқи падидаи нав хеле сабук кард. Олими варзида Хуршед Зиёӣ дар мақолаи бисёр пурмуҳтавои хеш бо номи «Арзёбии салоҳиятнокии таълимгирандагон дар таҳсилоти босалоҳият» (маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»), аз ҷумла, ба таври мушаххас чунин овардааст: «Дар таҳсилоти ба ташаккули салоҳиятнокӣ асосёфта аз нуқтаи назари методика арзёбии натиҷаҳои раванди таълим ба мақсаду ҳадафҳои бештаре гузаронида мешавад, асоситаринашон инҳоанд: 1) муайян кардани дониш, малака ва маҳоратҳои заминавии таълимгиранда; 2) муайян кардани раванди ташаккули малака ва маҳоратҳои нави таълимгиранда; 3) муайян кардани натиҷаҳои ниҳоии таълим дар нисбати таълимгирандаи мушаххас».
Ин гуфтаҳо моҳияту аҳамият ва аҳдофи низоми таълими босалоҳиятро хеле хуб тафсир мебахшанд. Дар дастурҳои дахлдор, ҳамчунин, батакрор таъкид мешавад, ки дар таълими босалоҳият фаъолияти хонанда ҳадафи асосист. Ин низом бояд қобилияти фикрронӣ, таҳлилнамоӣ ва хулосабарории хонандагонро ба таҳрик овараду ташаккул бахшад. Чунончи, хонанда метавонад барои ҳампаҳлуи худ ҳамчун вазифаи хонагӣ ду-се савол пешниҳод намояд, бо ӯ озодона сари мавзӯи дарс баҳс орояд. Мегӯянд, ки дар низоми босалоҳият омӯзгор фаъол нест, хонандагон фаъоланд. Ин фаҳмиши нисбист ва чунонки гуфтем, фаъолияти омӯзгор дар ин низом асосан ҳангоми омодагӣ ва дарсу тарҳрезии он талаб карда мешавад. Низоми таълими босалоҳият минбаъд дар раванди таълиму тарбия мавқеи боз ҳам васеътаре хоҳад ёфт.
Таҳмина РАСУЛОВА,
омӯзгори мактаби №82-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр