Нашрияи Омӯзгор

Адрас - либоси миллии тоҷикон

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Атласу адрас, ки тайи садсолаҳо ҳуснбахши бонувони тоҷик буд, дар давраи истиқлолият мақому манзалати хешро пайдо карда истодааст. Ин ҳадафи воло бо ба роҳ мондани як силсила иқдомоти созанда ва фарогир аз ҷониби соҳибкорон ва тарроҳон дубора эҳё мешавад.

Сарчашмаҳои таърихӣ баёнгари онанд, ки Хуҷанд садсолаҳо маркази истеҳсоли атласу адрас ба шумор мерафт. Соли 1906 дар ин шаҳр 230 дӯкони адрасфурӯшӣ фаъолият мекард. Метавон гуфт, ки дар ҳар хонаводаи  ҳунармандони хуҷандӣ дастгоҳи атласбофӣ вуҷуд дошт  ва онҳо атласҳои бофтаро ҳар рӯзи ҷумъа ба бозор бароварда, ба фурӯш мегузоштанд. Баъдтар шаҳри Хуҷанд ба маркази тавлид ва коркарди абрешим дар Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Дар ин шаҳр, дар нимаи дувуми даҳаи аввали асри бист нахустин коргоҳҳои  хурду бузурги тавлидкунандаи матоъҳои бирешимӣ бунёд гардидаанд, ки дар минтақа ҳамто надоштанд. Соли 1917 дар Хуҷанд беш аз 200  коргоҳи бофандагӣ кор мекард, ки атлас, адрас, беқасаб ва ғайра истеҳсол намуда, муштариёни зиёд доштанд.

Соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд «Корхонаи абрешим» таъсис ёфт, ки дар самти тавлиди навъҳои гуногуни атласи миллӣ аз абрешими маҳаллӣ фаъолият мекард, ки аксар ҳунармандони атласбофу адрасбофро он замон мардҳо ташкил медоданд. Ин корхона соли 1962 аз истеҳсоли атлас бо сабабҳои гуногун даст кашид. Истеҳсоли атласи хуҷандӣ соли 1975 бо таъсис ёфтани корхонаи «Хуҷандатлас» дубора ба кор шурӯъ намуд.

Дар ин корхона 19   навъи атлас тарҳрезӣ ва ихтироъ гардид. Ҳоло дар Хуҷанд зиёда аз ду ҳазор намуди атлас маълум аст.

Ин либос таърихи садсола дошта, аз гузаштагони тоҷик ба мо ҳамчун мероси анъанавӣ боқӣ мондааст.

Атласу адрасро бонувони имрӯза ба бар карда, бо ин либос миллати тоҷикро дар дигар давлатҳо муаррифӣ мекунанд. Оре, адрасу атлас ба ҳусни бонувони тоҷик зеб мебахшад, ки ин ифодагари урфу одат, санъат ва маҳорату ҳунари тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Кишвари мо бо ин либоси миллии хеш аз дигар мамлакатҳо фарқ мекунад. Эҳё шудани обрӯ, нуфуз ва манзалати атласу адраси тоҷик ва тарғиби  он заминае фароҳам сохт, то ин ки матоъҳо ва пироҳану тоқиву ҳамёну гарданбанду рӯймол ва чизҳои дигаре аз онҳо дӯхташуда дар сатҳи ҷаҳон маълум ва машҳур гардидааст.

Маҳбуба Гирдонова,

мутахассиси раёсати илм

ва инноватсияи

ДҷТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш