Нашрияи Омӯзгор

Шеър тарбиятгари кӯдакон аст

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

Ҷаҳони кӯдакон хеле рангину  ширину  дилрабост, ҷаҳонест поку мубарро ва содаву писандида. Кӯдакон  табиатан меҳрубонию навозиш,  самимият ва лаҳни гувороро хуш доранд.

Дар хислати онҳо тақлид, бовар ба калонсолон, эътимод ба гуфтаҳои  атрофиён ва таваҷҷуҳ ба зебоӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Мутахассисони  соҳаҳои  педагогикаю психология  борҳо  диду ҳисси  баланди  эстетикии  кӯдаконро таъкид кардаанд. Кӯдакон, ҳамчунин, ба адабиёти  бадеӣ, махсусан, ба афсонаву ривоятҳо ва пораҳои  манзум шавқу рағбати хос доранд. Аз ин рӯ,  дар кӯдакистонҳо ва дар синфҳои ибтидоии  мактабҳо мураббиёну  омӯзгорони варзидаву таҷрибадида бар он мекӯшанд, ки аз ин хусусиёти  кӯдакон  дар таълиму  тарбияи  онҳо самармандонаву бамаврид истифода баранд. Кӯдакон зеҳн ва хотираи қавӣ доранд ва ҳар ҳарфу ҳиҷои писандидаашонро зуд ба хотир  мегиранд,  такрор мекунанд. Ман дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ ба сифати омӯзгор дар синфҳои ибтидоӣ  борҳо ба мушоҳида гирифтаам, ки аз шунидани шеърпораҳои завқбахшу  самимӣ ва содаву равон кӯдакон ба ваҷд меоянд,  шодӣ мекунанд, каф мекӯбанд, чашмонашон медурахшад ва тамоми ҳастиашонро  ҳисси гуворое фаро мегирад. Масалан, шеъри машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Баррачеки ман», ки бо мисраъҳои «О, баррачеки масти ман, Биё давон дукур-дукур» сар мешавад, барои кулли  кӯдакон  хеле писанд аст. Ин шеър саропо бо дарназардошти шавқу завқ ва психологияи  кӯдакон навишта шудааст, ифодагари як қисмати  дунёи  рангини онҳост. Онро бо се-чор маротиба  такрор кардани  омӯзгор ва аҳлона сурудан хонандагон азёд мекунанд. Маълум мешавад, ки кӯдакон на танҳо тақлидро, балки калимаҳои тақлидиро  низ (тасар-тусур, кумур – кумур, шатар – шутур…) дӯст медоранд. Ё худ, бигирем шеъри  дигари  машҳури  кӯдакона – «Бибиҷонам меояд»-ро. Ин шеър низ писандидаи  кӯдакон аст, зеро як пораи  ширини зиндагии онҳост ва равону  самимию табиӣ, бо «забон»-и кӯдакон навишта шудааст.

Бибиҷонам меояд,

Дилу ҷонам меояд.

Аз раҳи дур меояд,

Базӯр-базӯр меояд.

Хушбахтона, дар адабиёти  тоҷик чунин шеърҳо зиёданд ва вазифаи омӯзгорон аст, ки дар заминаи  ҷустуҷӯву  омӯзиши ҳамешагӣ (илова ба китоби дарсӣ) онҳоро дарёбанду дар ҷараёни  таълиму тарбияи наврасон бамавриду пурсамар истифода намоянд.

Нигора Мирзоева,

омӯзгори  синфҳои  ибтидоии

мактаб-кӯдакистони №111-и

ҶММ «Нассоҷии тоҷик»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш