Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони олимпиада қадршиносӣ шуданд

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Дар толори мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ғолибони даври шаҳрии олимпиадаро аз номи раиси шаҳри Хуҷанд табрик намуд.

Олимпиадаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар ду марҳила баргузор гардид. Дар олимпиада байни синфҳои 5-8 аз фанҳои дақиқ 582 нафар иштирок намуданд. Дар синфҳои 9-11 бошад, 1240 нафар хонанда донишу истеъдоди худро санҷиданд. Дар умум, аз синфҳои 5-11 1822 нафар хонанда дар олимпиадаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, аз синфҳои 5-8 198 нафар, аз синфҳои 9-11 бошад, 261 нафар толибилм сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба донишу истеъдоди шогирдон баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба ғолибони олимпиада диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифро тақдим намуданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш